Forbes (Форбс) – Маҷаллаи молиявӣ-иқтисодии Амрико буда, яке аз машҳуртарин ва баобрӯтарин нашриёти иқтисодӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Маҷаллаи мазкур манзури хонандагони худ таърихи лоиҳаҳо ва молҳои муваффақ, ҳаёт ва фаъолияти соҳибкорони машҳур, сабабҳо ва оқибатҳои рўйдодҳои пурсадо, рейтинги одамони сарватмандтарини ҷаҳон, даромадҳои аз ҳама калонтарини ситораҳои шоу-бизнес ва варзишгарон, даромад ва хароҷотҳо ва ғайраро пешниҳод мекунад. Ҳамасола Forbes рўйхати рейтингҳои гуногуни шавқоварро, аз ҷумла рейтинги «Брендҳои гаронтарини сол» - ро дар маҷаллаи худ нашр менамояд.

Ҳамин тариқ, Forbes рўйхати «Топ-100 брендҳои гаронтарин дар соли 2016» – ро нашр намуд. Тибқи ин рўйхат дар ҷойи аввал бори шашум (рейтинг аз соли 2010 тартиб дода мешавад) ширкати Apple ҷой карда шудааст. Арзиши бренди мазкурро Forbes ба $154,1 млрд доллари ИМА баҳо дод. Ҷойи дуввумро бренди Google бо арзиши $82,5 млрд доллари ИМА ишғол намуд. Афзоиши бренди мазкур нисбат ба соли 2015 26% - ро ташкил дод. Ҷойи сеюмро бренди Microsoft ишғол намуд, ки арзиши онро маҷалла ба $75,2 млрд доллари ИМА, бо афзоиши 9% нархгузорӣ намуд. Ҷойҳои минбаъдаро брендҳои Coca-Cola ($58,5 млрд, бо афзоиши 4%) ва Facebook ($52,6 млрд, бо афзоиши 44%) ишғол намуданд. Нисфи зиёди рўйхатро брендҳои америкоӣ (52 бренд) ишғол намуданд. Сипас ин оморро Олмон (бо 11 бренд), Ҷопон (бо 8 бренд) ва Фаронса (бо 6 бренд) давом доданд. Бисёртар дар ин рўйхат брендҳои технологӣ (17 адад) ва баъдан ширкатҳои молиявӣ (13 адад) ва мошинбарорӣ (12 адад) вомехӯранд.

Бо рўйхати пурраи рейтинг Шумо метавонед дар инҷо шинос шавед.