Аз иттилооти инноватсионии дохил ва хориҷи кишвар тавассути Интернет-портали миллии мо бохабар бошед

    Иштирок дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    .

    15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд. Мавриди зикр аст, ки иқдоми таъсиси Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 дар Рӯзи дониш аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуда буд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи асосӣ аз таъсиси шӯрои мазкурро баррасии мушкилоти дар соҳаҳои илм, маориф ва инноватсия ҷойдошта ва мусоидат кардан ба рушди ин бахшҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа арзёбӣ карданд.

    Ифтитоҳи 4 корхонаи нав дар Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара"

    .

    14 апрели соли 2021 дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Раҳмон Асадулло, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ба фаъолияти 4 корхонаи истеҳсолӣ: ҶДММ «Ғаюрсаноат», ҶДММ «Ауфен», ҶДММ «Тоҷпласт-1» ва ҶДММ «Шенси» ифтитоҳ бахшида шуд.

    Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли бозичаҳои бачагонаи ҶДММ «Адл»

    .

    Дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд 8 апрели соли љорї Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан коргоҳи истеҳсоли бозичаҳои бачагонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Адл»-ро ба истифода дод. Дар корхонаи мазкур 25 номгӯйи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, ифтитоҳи он имконият медиҳад, ки воридоти ин намуди маҳсулот аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон коҳиш дода шавад. Дар корхонаи истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона муосиртарин хатҳои истеҳсолӣ насб гардидааст, ки ин имконият медиҳад маҳсулот бо сифати баланд истеҳсол карда шавад.

    обзоры автоновинок kaps4karing.com
    село ремонтное