Все статьи

15 Апрел 2021

Иштирок дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд. Мавриди зикр аст, ки иқдоми таъсиси Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 дар Рӯзи дониш аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуда буд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи асосӣ аз таъсиси шӯрои мазкурро баррасии мушкилоти дар соҳаҳои илм, маориф ва инноватсия ҷойдошта ва мусоидат кардан ба рушди ин бахшҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа арзёбӣ карданд.

Читать далее

Ифтитоҳи 4 корхонаи нав дар Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара"

14 апрели соли 2021 дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Раҳмон Асадулло, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ба фаъолияти 4 корхонаи истеҳсолӣ: ҶДММ «Ғаюрсаноат», ҶДММ «Ауфен», ҶДММ «Тоҷпласт-1» ва ҶДММ «Шенси» ифтитоҳ бахшида шуд.

Читать далее

09 Апрел 2021

Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли бозичаҳои бачагонаи ҶДММ «Адл»

Дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд 8 апрели соли љорї Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан коргоҳи истеҳсоли бозичаҳои бачагонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Адл»-ро ба истифода дод. Дар корхонаи мазкур 25 номгӯйи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, ифтитоҳи он имконият медиҳад, ки воридоти ин намуди маҳсулот аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон коҳиш дода шавад. Дар корхонаи истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона муосиртарин хатҳои истеҳсолӣ насб гардидааст, ки ин имконият медиҳад маҳсулот бо сифати баланд истеҳсол карда шавад.

Читать далее

Ифтитоҳи корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ дар шаҳри Бӯстон

7 апрел дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи Бӯстон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхонаи мазкур дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон дар майдони қариб як гектар бунёд ёфта, дар ин ҷо бо васлу насби хатҳои муосири технологӣ асосан истеҳсоли халтаҳои гуногуни полиэтиленӣ ба роҳ монда шудааст ва тибқи баҳогузории озмоишгоҳӣ маҳсулоташ аз лиҳози намуд ва сифат ба стандартҳои замони имрӯз ҷавобгӯ мебошад.

Читать далее

06 Апрел 2021

Virgin Galactic ҳавопаймои «VSS Imagine» -ро ҷиҳати парвоз намудан ба кайҳон муаррифӣ намуд

Ширкати «Virgin Galactic» ҳавопаймои кайҳонии идорашавандаи худро бо номи «VSS Imagine» намоиш дод. Ин намуди ҳавопаймои кайҳонӣ бо ду сарнишин ва шаш мусофир тавассути қаноти тайёраи борбардор парвози то баландии тақрибан 15 ҳазор метрро қудрат дорад.

Читать далее

Дар Шветсия бузургтарин киштии боркашро, ки бо ёрии шамол ҳаракат мекунад, таҳқиқ намуданд

Аз ҷониби ширкати шведии «Wallenius Marine» бузургтарин киштии боркаш дар ҷаҳон бо нерӯи шамол ҳаракаткунанда сохта мешавад. Ин гуна киштӣ дорои баландтарин заврақи бодбонӣ хоҳад буд, ки дарозии онҳо ба 105 метр мерасанд ва дар он метавон тақрибан 7 ҳазор автомошинаро ҷойгир намуд.

Читать далее

26 Март 2021

Ифтитоҳи Коллеҷи тиббии инноватсионии шаҳри Бохтар

24 март дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар нахуст бинои Коллеҷи тиббӣ - инноватсионии шаҳри Бохтарро ифтитоҳ намуданд.

Читать далее

17 Март 2021

Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2021

Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид.

Читать далее

09 Март 2021

Made in Tajikistan: итсеҳсоли дучарха дар Бохтар

Дар шаҳри Бохтар корхонае ба фаъолият оғоз кард, ки дучарха (велосипед) истеҳсол мекунад. Ин коргоҳ аллакай дар панҷ шакл беш аз 1 ҳазор дучархаро ба хоҳишмандон пешниҳод кардааст.

Читать далее

Бидуни батарея. Ин дастгоҳ бадани моро ба «батареяи биологӣ» табдил медиҳад

Олимони Донишгоҳи Колорадо дар Боулдер ба хулосае омаданд, ки энергияи тавлидкардаи бадани инсонро беҳуда сарф кардан лозим нест. Дастгоҳи ихтироъшуда эҳтимолан метавонад дар оянда моро аз батареяҳо наҷот диҳад, зеро тавассути он таҷҳизотҳо мустақиман аз мо кувва хоҳанд гирифт.

Читать далее
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное