06 Июнь 2017

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТӢ, ТАШКИЛУ ГУЗАРОНИДАНИ ТАШХИС ВА ОЗМУНҲОИ ЛОИҲАҲОИ ИННОВАТСИОНӢ;

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ҚАРОР

 

Дар бораи Тартиби бақайдгирии давлатӣ, ташкилу

гузаронидани ташхис ва озмунҳои лоиҳаҳои инноватсионӣ

 

Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти

инноватсионӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Тартиби бақайдгирии давлатӣ, ташкилу гузаронидани ташхис ва озмунҳои лоиҳаҳои инноватсионӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

 

 

аз 3 июни соли 2013, № 252

ш. Душанбе

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 июни соли 2013, № 252

тасдиқ шудааст

 

 

 

Тартиби

бақайдгирии давлатӣ, ташкилу гузаронидани ташхис

ва озмунҳои лоиҳаҳои инноватсионӣ

 

1. Муқаррароти умумӣ

 

1. Тартиби мазкур бақайдгирии давлатӣ, ташкилу гузаронидани ташхис ва озмунҳои лоиҳаҳои инноватсиониро, ки аз ҷониби вазорату идораҳо, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва корхонаҳои аз

ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

маблағгузоришавандаи ҷумҳурӣ иҷро мешаванд, муайян мекунад.

 

2. Мафҳумҳои асосӣ

 

2. Дар Тартиб мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- озмуни лоиҳаҳои инноватсионӣ - интихоби шумораи муайяни иштирокчиён аз шумораи умумии довталабон барои гирифтани маблағгузории мақсаднок дар доираи шартҳои муқаррарнамудаи Тартиби мазкур;

- иштирокчиёни озмун - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, ки дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмун иштирок мекунанд, ҳамчунин шахсони ҳуқуқие, ки агар фаъолияти илмӣ ва илмию техникии онҳо дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ пешбинӣ шуда, ба озмун дархост манзур намудаанд;

-дархост - аризаи ба расмият даровардашудаи шакли муқарраргардида, ки мақсади шахсро барои иштирок дар озмун ифода менамояд;

-лоиҳа - андеша, ғоя, тасаввурот, ки ба шакли тавсиф, асосноккунӣ ҳисобҳо, нақшаҳо таҷассум ёфта, моҳияти андеша ва имконияти амалӣ намудани онро мекушояд;

- ташкилотчиҳо - шахсоне, ки таъминоти ташкилии фармоишро оид ба гузаронидани озмун амалӣ менамоянд;

- коршинос - мутахассиси баландихтисос дар соҳаи муайян, ки барои таҳқиқот, маслиҳат, таҳияи андешаҳо, хулоса, пешниҳод ва гузаронидани ташхис ҷалб карда мешавад;

- ташхис - намуди фаъолияти илмию таҳқиқотӣ оид ба гузаронидани таҳқиқот, таҳлил ва арзёбии илмии объектҳои ташхис, таҳия ва ба расмият даровардани хулосаҳои ташхис нисбати ин объектҳо, ки барои қабул намудани қарорҳои муҳими ҷамъиятӣ заруранд;

- барномаю лоиҳаҳои инноватсионӣ - натиҷаи нерўи зеҳнии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба истифодаи ғояҳои нав мусоидат намуда, бо мақсади рушди илм ва ҷорӣ намудани технологияҳои аълосифат таҳия мегарданд.

 

3. Мақсад ва вазифаҳои озмуни лоиҳаҳои инноватсионӣ

 

3. Озмун бо мақсади фаъол намудани фаъолияти ихтироъкорӣ, инноватсионӣ дар корхонаҳо, муассисаҳои илмӣ ва таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

4. Вазифаҳои озмуни лоиҳаҳои инноватсионӣ:

- ҷустуҷўю муайян, интихоби ихтироъҳои инноватсионӣ, коркардҳои ояндадор ва бештар омода намудан барои истифодабарии амалӣ дар соҳаи воқеии иқтисодиёт ҷиҳати мусоидат ба ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолоти саноатӣ ва амалӣ намудани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ - техникӣ ва инноватсионӣ;

- таъмини дастрасӣ ба захираҳои иттилоотии дорои маълумот оид ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ва коркардҳои таҷрибавии дар ҷумҳурӣ ва берун аз ҳудуди он гузаронидашаванда, натиҷаҳои ба даст овардашудаи илмӣ ва илмию техникӣ, бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба ҳифзи моликияти зеҳнӣ, сирри давлатӣ, хизматӣ ё тиҷоратӣ;

- ҳамгироии илм бо истеҳсолот, низоми таҳсилот ва соҳаи иҷтимоӣ.

 

4.Талабот нисбат ба Тартиби бақайдгирии давлатӣ,

ташкилу гузаронидани ташхис ва озмунилоиҳаҳои инноватсионӣ

 

5. Барои иштирок дар озмун лоиҳаҳои инноватсионие пешниҳод мешаванд, ки дар Муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудаанд ва дорои иқтидори истифода ва ҷорӣ намудан дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиётиҷумҳурӣ мебошанд.

6. Иштирокчиёни озмун бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

- дархост барои иштирок дар озмун (замимаи 1);

- барнома ё лоиҳа, шарҳи иттилоотии лоиҳа бо нишон додани

принсипҳои асосии қарори (лоиҳаи) инноватсионӣ, бартарияти он нисбат ба намунаҳои дигар, тавсияҳои муаллиф оид ба соҳаҳои истифода ва самаранокии иқтисодӣ;

- тасдиқномаи хаттии идораҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои дар амалӣ намудани барнома ё лоиҳа манфиатдор бо нишон додани ўҳдадориҳои ба замима гузошташуда доир ба иҷрои давраҳои алоҳидаи кор ва иштироки молиявӣ;

- маълумотнома-ҳисобот аз Муассисаи давлатии "Маркази миллиипатенту иттилоот"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷаи ҷустуҷўи мавзўъҳои таҳқиқотии илмии барои навоварӣ пешниҳодшуда, инчунин нусхаи патентҳо (ё дархостҳое, ки ба Муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ ва дигар моделҳои муфид (агар бошанд) пешниҳод мешавад);

- барои коркардҳои амалишуда - тақризи корхонаҳо, хулосаи мутахассисон, коршиносон оид ба мавзўи коркард, муассисаҳои илмии соҳавӣ, бо шарҳи аҳамияти лоиҳаи истифодашаванда (дараҷаи амалишавӣ, самаранокии иқтисодӣ, навоварӣ ва ғ.);

- ҳуҷҷатҳои дигар (сурат, маводи видеоӣ, тарҳу нақшаҳо), кииловатан мавзўи таҳқиқшавандаро шарҳ медиҳанд.

7. Лоиҳа бояд тибқи нақшаи зерин иҷро карда шавад:

- варақаи унвонӣ;

- маълумот оид ба ташкилот;

- маълумот оид ба роҳбар ва иҷрокунандагон;

- мундариҷаи лоиҳа;

- натиҷаҳои пешбинишаванда;

- сметаи хароҷот барои иҷрои лоиҳа;

- маълумоти иловагӣ;

- мақсад ва вазифаҳо;

- таҳлили бозор;

- нақшаи маркетинг;

- нақшаи истеҳсолот ва дурнамо;

- ҳаҷми маблағҳои зарурӣ;

- нақшаи молиявӣ ва таҳлили хатарҳо.

 

5. Тартиби иштирок дар озмуни лоиҳаҳои инноватсионӣ

 

8. Дархосткунанда метавонад ҳамзамон якчанд дархост барои иштирок дар озмуни лоиҳаҳои инноватсионӣ оид ба самтҳои гуногун пешниҳоднамояд. Самт (як ё якчанд) вобаста ба соҳаи дониши илмӣ ё намуди фаъолияти иқтисодӣ ва самтҳои афзалиятнок барои иштирок дар озмуни лоиҳаҳои инноватсионӣ аз ҷониби дархосткунанда мустақилона муайян карда мешавад. Самти асосӣ дар навбати аввал нишон дода мешавад.

9. Дархост танҳо дар самти зикргардида баррасӣ мешавад.

10. Дар ҳолати мувофиқ набудани мазмуни лоиҳа ба самти дархостшуда, дархост ба марҳилаи дуюми озмуни лоиҳаҳои инноватсионӣ роҳ дода намешавад.

 

6. Ташкилу гузаронидани ташхис, озмуни лоиҳаҳои инноватсионӣ

ва Шўрои ҳамоҳангсозии экспертӣ

 

11. Роҳбарии умумиро оид ба ташкил ва гузаронидани озмуни лоиҳаҳои инноватсионӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд, ки фаъолияти мушаххаси ташкилиро мутобиқи Тартиби мазкур ба роҳ мемонад.

12. Барои гузаронидани озмун Шўрои ҳамоҳангсозии экспертӣ (минбаъд-Шўро) даъват карда мешавад, ки ҳайати он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

13. Озмун дар асоси қарори Раиси Шўро гузаронида мешавад.

14. Мўҳлат ва тартиби гузаронидани корҳо оид ба омода намудани озмуни лоиҳаҳои инноватсионӣ, аз ҷумла таҳияи ҳуҷҷатҳо ва расмиёт бо қарори Раиси Шўрои ҳамоҳангсозии эксперти муайян карда мешаванд. Матни эълон оид ба гузаронидани озмуни лоиҳаҳои инноватсионӣ низ бо қарори Раиси Шўро тасдиқ карда мешавад. Матни тасдиқшудаи эълон дар сайти интернет ва воситаҳои ахбори омма ҷой дода мешавад.

15. Бекор кардан ё тағйир додани шартҳои озмун дар асоси қарори Раиси Шўро ба амал бароварда мешавад. Дар хусуси бекор намудан ё тағйир додани шартҳои озмун ба аризадиҳандагон шахсан иттилоъ дода мешавад. Эътирози аризадиҳанда ва иштирокчиёни озмуни лоиҳаҳои инноватсионӣ вобаста ба бекор кардан ё тағйир додани шартҳо қонеъ гардонида мешавад. Мўҳлати охирин вобаста ба бекор кардан ё тағйири шартҳо то баргузории озмун муайян карда шавад.

16. Озмуни лоиҳаҳои инноватсионӣ дар якчанд марҳила гузаронида мешавад:

а) марҳилаи якуми озмун арзёбии Раиси Шўро ба мутобиқати воридшударо ба талаботи тасдиқнамудаи Тартиби мазкур дар бар мегирад;

б) марҳилаи дуюми озмуни (ташхиси) лоиҳаҳои инноватсионионӣ баҳодиҳии мушаххаси дархостҳоро (лоиҳаҳоро) аз ҷониби коршиносони Шўрои ҳамоҳангсозии экспертӣ дар бар мегирад. Ба марҳилаи дуюми озмуни лоиҳаҳои инноватсионӣ чунин дархостҳо қабул карда намешавад:

- тибқи талаботи тасдиқнамудаи Тартиби мазкур ба расмият дароварданашуда;

- бо вайрон кардани мўҳлати пешниҳод пешкашгардида.

17. Меъёрҳои асосӣ дар ин маврид инҳо мебошанд:

- навоварӣ дар лоиҳа ё коркард;

- мавҷудияти бартарӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ ва техникӣ нисбат ба лоиҳаҳои шабеҳ;

- мавҷудияти маблағҳои аллакай барои амалӣ намудани лоиҳа ё коркард ҷалбгардида;

- мутобиқати мавзўи лоиҳа ба самтҳои барои Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятнок;

- мутобиқат ба талаботи рушди иҷтимоӣ - иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мутобиқат ба сатҳи муосири илм;

- мутобиқати натиҷаи интизорӣ ва роҳҳои истифодаи амалии онҳо ба вазифаҳои таҳқиқот;

- аҳамияти илмию амалӣ, рўзмарра ва навгонӣ, хусусияти маҷмўӣ доштани корҳои банақшагирифташуда;

- мутобиқати тахассуси зарурии гурўҳи иҷрокунандагон барои иҷрои мақсадҳои гузошташуда;

- мавҷудияти таъминоти ташкилӣ ва моддию техникии таҳқиқот;

- коркарди амаликунонӣ;

- мавҷудияти истеъмолкунандагони воқеӣ;

- мавҷудияти шакли ҳимояи моликияти зеҳнӣ ва ғайра.

в) марҳилаи озмуни лоиҳаҳои инноватсионӣ дар ҳолате гузаронида мешавад, ки агар аз ҷониби Шўро қарор оид ба гузаронидани марҳилаи сеюми озмун қабул карда шавад. Қарор дар мавриди ба вуқўъ омадани ҳолатҳое, ки имконияти ҷудо намудани маблағгузории мақсаднокро тибқи рўйхати лоиҳаҳои аз ҷониби Шўро тавсияшуда истисно менамояд, бо нишон додани ҳаҷми маблағгузории мақсаднок барои ҳар як лоиҳа қабул мегардад. Ҳолатҳои мазкур набояд баъд аз тасдиқ гардидани натиҷаи озмун аз ҷониби Шўро ба вуқўъ ояд.

18. Тартиби гузаронидани марҳилаи сеюми озмун бо қарори Раиси Шўро ба низом дароварда мешавад. Дар ин марҳилаи озмуни лоиҳаҳои инноватсионӣ аъзои Шўро метавонанд ба муаллифони лоиҳа (иштирокчиёни озмун) барои шарҳи муқаррароти ҳолатҳои алоҳидаи он ва гирифтани ҳар маълумоти иловагӣ муроҷиат намоянд.

19. Дар марҳилаи якуми озмун ҳар дархост (лоиҳа) барои баррасии мустақил ба на камтар аз се нафар коршинос аз рўи ҳар як самти дар дархост зикргардида (бо розигии пешакии онҳо, бо додани забонхат) дода мешавад.

20. Коршиносон аз ҳисоби олимон ва мутахассисони баландихтисос аз рўи соҳаҳои муайян тибқи Низомномаи Шўрои ҳамоҳангсозии зкспертии бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда интихоб карда мешаванд.

21. Пас аз ба итмом расидани марҳилаи мазкур ба парвандаи дархост (лоиҳа) бояд ҳадди ақал на камтар аз се хулосаи экспертӣ бо қарорҳои асоснок, ки арзёбии сатҳи илмии лоиҳа ва имкониятҳои амалӣ намудани онро дар бар мегирад, пешниҳод карда шавад (замимаи 4).

22. Агар баҳои коршиносон аз ҳамдигар зиёд фарқ кунад, пас бо қарори Раиси Шўро дархост (лоиҳа) барои гузаронидани ташхиси иловагӣ (шумораи коршиносҳо метавонад зиёд карда шавад) пешниҳод карда мешавад.

23. Аз рўи натиҷаҳои марҳила якуми озмун Раиси Шўро рейтинги лоиҳаҳоро тартиб медиҳад.

24. Дар марҳилаи дуюми ташхис хулосаи коршиносон аз рўи дархостҳо (лоиҳаҳо) дар шакли рейтинг ё дархостҳо (лоиҳаҳо) дар ҷаласаи Шўро баррасӣ мешавад. Бо пешниҳоди (қарори) коршиносон ҳимояи расмии лоиҳаҳоро гузаронидан мумкин аст. Корҳои иштирокчиёни озмунро Шўро тибқи системаи бали аз 0 то 10 хол арзёби менамояд (замимаи 3).

25. Қарори Шўро бо протоколе, ки рўйхати лоиҳаҳои барои дастгирӣ тавсияшударо бо нишон додани ҳаҷми маблағгузории мақсаднок барои ҳар як лоиҳа (масъул - Раиси Шўро) дар бар мегирад, ба расмият дароварда мешавад. Шўро он лоиҳаҳоеро, ки миқдори зиёди хол гирифтааст, барои дастгирӣ ҷиҳати маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ пешниҳод менамояд.

Афзалият ба лоиҳаҳои дорои хусусияти истеҳсолӣ дода мешавад. Ғолибони озмун он лоиҳаҳое дониста мешаванд, ки холҳои зиёд гирифтааст (замимаи2).

 

7. Шартҳои татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ

 

26. Иштирокчиёни озмун маблағҳоеро, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо шудааст, бояд танҳо ба он мақсадҳои дар дархост зикргардида сарф намоянд. Оид ба ҳаҷм ва шартҳои маблағгузорӣ ба роҳбарони лоиҳаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо маълумот дода мешавад. Тамоми ҳисоботҳое, ки аз ҷониби муассисаю ташкилотҳои аризадиҳанда оид ба иҷрои лоиҳаҳо пешниҳод карда мешавад, бояд аз ҷониби Шўрои ҳамоҳангсозии экпертӣ тасдиқ карда шавад.

27. Маблағгузории лоиҳаҳо аз ҳисоби буҷети давлат ба воситаи муассиса ва ташкилоте, ки роҳбари лоиҳа ишора намудааст, ба роҳ монда мешавад.

28. Дар мавриди ба миён омадани ҳолатҳое, ки барои иҷрои вазифаҳои роҳбари лоиҳа монеъ мешавад, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ будан ва шартҳои давом додани маблағгузории корҳоро оид ба лоиҳаи мазкур баррасӣ намуда, ҷиҳати қатъ намудан ё мавқуф гузоштани вазифаи роҳбари лоиҳа қарор қабул менамоянд.

29. Роҳбари лоиҳа бояд фавран дар бораи тағйир ёфтани шартҳои иҷрои лоиҳа, аз ҷумла дар бораи сари вақт ворид нашудан ва истифодаи нодурусти маблагҳое, ки давлат ҷудо менамояд, иттилоъ диҳад.

30. Роҳбари лоиҳа ҳамчунин ўҳдадор мешавад, ки ҳуҷҷати оид ба лоиҳа ҷиҳати мавҷудияти аломатҳои қобилияти патентӣ, истифодаи тиҷоратӣ ё истифодаи мудофиавӣ (дуҷониба) дар мўҳлати ду моҳ аз лаҳзаи чунин арзёбӣ иттилоъ диҳад. Ҳуқуқ ба объектҳои саноатӣ ва (ё) моликияти зеҳнӣ, ки ҳангоми иҷрои лоиҳа ба даст омадааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин соҳа амал мекунад, ба роҳ монда мешавад. Тарафҳо бояд оид ба нигоҳдории сирри давлатӣ ва тиҷоратӣ, ки ҳангоми ба даст овардани натиҷаҳои таҳти амали қонунгузории дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда чораҳои зарурӣ андешанд.

31. Паҳн намудани иттилоъ нисбати баррасӣ, шарҳ, арзёбӣ ва муқоисаи дархостҳои озмунӣ, инчунин тавсияҳо оид ба натиҷаҳои интихоби озмунии дархостҳо ба иштирокчиёни озмун ё шахсони дигар, ки расман ба ҷараёни мазкур муносибат надоранд, то расман эълон намудани натиҷаи озмун манъ аст.

 

Замимаи 1

ба Тартиби бақайдгирии давлатӣ,

ташкилу гузаронидани ташхис ва

озмунҳои лоиҳаҳои инноватсионӣ

 

Дархост

______________________________________________________________________

______________________________________________________________________

______________________________________________________________________

(номи муассисаи илмӣ)

 

______________________________________________________________________

______________________________________________________________________

______________________________________________________________________

(барои озмуни лоиҳаҳои инноватсионӣ пешниҳод мекунад)

бо

______________________________________________________________________

______________________________________________________________________

______________________________________________________________________

______________________________________________________________________

(вазорат, идора, ташкилот, муассисаи таҳсилотии

олии касбӣ, корхона бо ишораи суроғаи он)

 

мувофиқа шудааст.

 

Роҳбари муассисаи илмӣ

 

_____________________________________________________________________

(ному насаб)

 

____________________

(имзо)

 

 

Замимаи 2

ба Тартиби бақайдгирии давлатӣ,

ташкилу гузаронидани ташхис ва

озмунҳои лоиҳаҳои инноватсионӣ

 

Протоколи ҷаласаи Шўрои ҳамоҳангсозии экспертӣ

 

аз _____________ соли 20__, № ___

 

Сана ва маҳалли баргузории ҷаласаи Шўро: _______________

Иштирок карданд:

Раиси Шўро ___________________

Узви Шўро ____________________

Котиби Шўро __________________

 

Рўзномаи ҷаласа:

 

1.______________________________________________________________

2.______________________________________________________________

 

+---+------------------+--------+----------+------+-------+----------ҷ

| № | Ному насаби | Вазифа | Ташкилот | Соҳа | Номи | Солҳои |

| | номзаде (вазорат,| | | | лоиҳа | таҳқиқот |

| | идора, муассисаи | | | | | |

| | таҳсилоти олии | | | | | |

| | касбӣ, корхона), | | | | | |

| | ки дар озмун | | | | | |

| | иштирок менамояд | | | | | |

+---+------------------+--------+----------+------+-------+----------+

|1. | | | | | | |

+---+------------------+--------+----------+------+-------+----------+

|2. | | | | | | |

+---+------------------+--------+----------+------+-------+----------+

 

Қарори Шўрои ҳамоҳангсозии экспертӣ:

 

Раиси Шўрои ҳамоҳангсозии экспертӣ: ________________

(имзо)

 

Узви Шўро: ________________

(имзо)

 

 

Замимаи 3

ба Тартиби бақайдгирии давлатӣ,

ташкилу гузаронидани ташхис ва

озмунҳои лоиҳаҳои инноватсионӣ

 

Қарори ҷаласаи Шўрои ҳамоҳангсозии экспертӣ

 

аз______________ соли 20__, №__

 

______________________________________________________________________

(ному насаб)

______________________________________________________________________

(вазорат, идора, ташкилот, муассисаи

таҳсилотии олии касбӣ, корхона)

 

Мутобиқи талаботи пешниҳодшуда

______________________________________________________________________

 

Натиҷаи ҷаласаи Шўрои ҳамоҳангсозии экспертӣ:

+-----+----------------------+---------------------+-----------------ҷ

| № | Талабот ба | Арзёбии мутобиқат | Эзоҳ |

| | номзаде, ки дар +----------+----------+ |

| | озмун иштирок | ҳа | не | |

| | менамояд | | | |

+-----+----------------------+----------+----------+-----------------+

| 1 | | | | |

+-----+----------------------+----------+----------+-----------------+

| 2 | | | | |

+-----+----------------------+----------+----------+-----------------+

 

Шўрои ҳамоҳангсозии экспертӣ қарор намуд, ки бо дарназардошти

таҳлили гузаронидашуда:

_____________________________________________________________________

(ному насаб, номи муассиса)

 

лоиҳаи инноватсионии Дархосткунанда барои маблағгузорӣ пешниҳод

(ё рад) карда мешавад

_____________________________________________________________________

 

Раиси Шўрои ҳамоҳангсозии экспертӣ: ____________________

(имзо)

 

Узви Шўро: ____________________

(имзо)

 

 

Замимаи 4

ба Тартиби бақайдгирии давлатӣ,

ташкилу гузаронидани ташхис ва

озмунҳои лоиҳаҳои инноватсионӣ

 

Рамзи лоиҳа ________________

Рамзи коршинос _____________

Мўҳлати ташхис _____________

 

Хулоса

 

1. Вазорате (идорае), ки барои иҷрои кори инноватсионии мазкур

манфиатдор аст

________________________________________________________________

________________________________________________________________

2. Зарурати таҳқиқи лоиҳаи мазкур

________________________________________________________________

________________________________________________________________

3. Сатҳи омўзиши масъала аз тарафи олимони ватанӣ ва хориҷӣ

________________________________________________________________

________________________________________________________________

4. Дараҷаи муҳим будани лоиҳаи инноватсионӣ барои иқтисодиёти

миллии кишвар (навгонӣ ва сатҳи техникӣ)

________________________________________________________________

________________________________________________________________

5. Эҳтимолияти ҷабҳаҳои амалии истифодаи лоиҳаи таҳқиқшаванда

________________________________________________________________

________________________________________________________________

6. Воқеияти ҳаҷми дархостшудаи маблағҳои молиявӣ барои лоиҳаи

мазкур

________________________________________________________________

________________________________________________________________

7.Самараи иқтисодии пешбинишаванда

________________________________________________________________

________________________________________________________________

8.Оқибатҳои иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоии лоиҳаи таҳияшаванда

________________________________________________________________

________________________________________________________________

9. Иқтидори илмию техникии иҷрокунанда

________________________________________________________________

________________________________________________________________

 

________________________________________________________________

 

 

 

Подробнее

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАЪСИС ДОДАНИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ЭКСПЕРТӢ ОИД БА ИДОРАКУНИИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ ҶУМУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2011-2020;

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ҚАРОР

 

Дар бораи таъсис додани Шўрои ҳамоҳангсозии экспертӣ

оид ба идоракунии татбиқи Барномаи рушди инноватсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020

 

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо мақсади идоракунии татбиқи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор мекунад:

1) Дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шўрои ҳамоҳангсозии экспертӣ оид ба идоракунии татбиқи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 таъсис дода шавад (замима мегардад).

2) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати 2 моҳ Низомномаи Шўрои ҳамоҳангсозии экспертӣ оид ба идоракунии татбиқи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020-ро барои тасдиқ пешниҳод намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 2 ноябри соли 2011 № 553

ш. Душанбе

 

 

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 ноябри соли 2011 № 553 тасдиқ шудааст

 

Ҳайати

Шўрои ҳамоҳангсозии экспертӣ оид ба идоракунии татбиқи Барномаи рушди иноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

- муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии

Тоҷикистон - Раиси Шўро;

 

- ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон -

муовини раиси Шўро;

- сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод

ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон - котиби масъул;

 

Аъзои Шўро:

- муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

- сармутахассиси Шуъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи

Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ноиби Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон;

- ноиби Президенти Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ноиби Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;

- ноиби Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ;

- ноиби Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

- ноиби Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур;

- директори Муассисаи давлатии "Пажуҳишгоҳи илмию таҳқиқотии металлургия"-и КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик";

- директори техникии КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик";

- сардори Раёсати илм ва таҳсилоти тиббию фармасевтии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ҚАРОР

 

Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди инноватсионии

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020

 

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи илмҳои тиббии назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, муассисаҳои соҳавии илмию таҳқиқотӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

3) Татбиқи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 дар доираи маблағҳои ҳамасола пешбинишудаи вазорату идораҳо, муассисаҳову корхонаҳо ва дигар иҷрокунандагони Барнома амалӣ карда шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 30 апрели соли 2011 № 227

ш. Душанбе

 

Подробнее

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ПАРКИ ТЕХНОЛОГӢ»

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Парки технологӣ

 

Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти Парки технологиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда, вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти онро муайян менамояд ва барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудани натиҷаи таҳқиқоти илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ нигаронида шудааст.

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- барнома ва лоиҳаи инноватсионӣ - маҳсули нерўи зеҳнии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дорои ғояҳои нав буда, бо мақсади татбиқу рушди илм ва ҷорӣ намудани технологияи муосир таҳия мегарданд;

- парки технологӣ - шахси ҳуқуқӣ ё консорсиум, ки ба маҷмўи ягонаи моддию техникӣ ҳуқуқи соҳибмулкӣ дорад ва фаъолияти асосии он пешниҳод ва иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ буда, барои амалӣ намудани лоиҳаҳои инноватсионӣ ва инвеститсионӣ заруранд;

- бизнес-инкубатор - шахси ҳуқуқӣ, ки барои дастгирии субъектҳои хурди соҳибкорӣ дар марҳилаи ташакулли рушди онҳо бо роҳи пешниҳод намудани биноҳои истеҳсолӣ, таҷҳизот, хизматрасонии ташкилӣ, ҳуқуқӣ, молиявӣ, машваратӣ ва иттилоотӣ ташкил карда мешавад;

- инфрасохтори Парки технологӣ - маҷмўи биноҳои идоравӣ, иншооти истеҳсолӣ, муҳандисӣ, нақлиётӣ, коммуникатсионӣ ва иҷтимоии дар ҳудуди Парк ҷойгирбуда, ки аз он шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истифода менамоянд;

- натиҷаи ниҳоии таҳқиқоти илмӣ - натиҷаи таҳқиқоти илмие, ки онро дар истеҳсолот ҷорӣ намудан имконпазир аст.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Парки

технологӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Парки технологӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Таъсис ва фаъолияти Парки технологӣ

 

1. Парки технологӣ (минбаъд-Парк) шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ буда, ҳамчун муассиса дар ҳудуди махсус таъсис дода мешавад, ки бо мақсади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияи аълосифат барои қонеъ гардонидани талаботи истеҳсолот дар истифодаи технологияҳои навтарин ва татбиқи лоиҳаҳои иноватсионӣ ва инвеститсионӣ фаъолият менамояд.

2. Дар ҳудуди Парк ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ, бюроҳои лоиҳакашию конструкторӣ, биноҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ, ҳамчунин биноҳои хизматрасонӣ фаъолият менамоянд, ки онҳо ба мақсади истифода аз технологияи аълосифат ва амалӣ гардонидани барнома ва лоиҳаҳои инноватсионӣ муттаҳид карда мешаванд.

3. Парк метавонад аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ, як ё якчанд муассисаҳои таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, ташкилотҳои саноатии давлатӣ ва ғайридавлатӣ таъсис дода шуда, барои амалӣ намудани мақсадҳои худ ҳамкориро байни онҳо ба роҳ монад.

4. Парк дар доираи Оинномаи худ, ки дар он вазъи ҳуқуқии Парк муайян гардидааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

 

Моддаи 4. Шаклҳои Парк

 

1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Парк дар шаклҳои зерин таъсис дода мешавад:

- Парки инноватсионию технологӣ;

- Парки илмӣ (ё Парки таҳқиқотӣ);

- Технополис;

- Инкубатори технологӣ (Бизнес-инкубатор).

2. Парки инноватсионию технологӣ яке аз намудҳои Парк буда, барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияи аълосифат ва рушди муассисаҳои истеҳсолии инноватсионии хурд ва миёна хидмат менамояд.

3. Парки илмӣ (ё Парки таҳқиқотӣ) яке аз намудҳои Парк мебошад, ки илмро бо истеҳсолот якҷоя намуда, метавонад бо як ё якчанд муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, илмию таҳқиқотӣ ё дар алоҳидагӣ барои рушди истеҳсолот фаъолият намояд. Дар муқоиса бо дигар намудҳои Парк, ба он бо мақсади гузаронидани таҳқиқотҳои зиёди илмталаб кадрҳои баландихтисос ҷалб карда мешаванд.

4. Технополис - ҳудуде мебошад, ки дар он муассисаҳои инноватсионии хурд ва миёнаи ташкилотҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои илмию истеҳсолӣ, таҳсилоти олии касбӣ, илмию таҳқиқотӣ ва ё дар алоҳидагӣ таъсис ёфта, фаъолият менамоянд.

5. Инкубатори технологӣ (бизнес-инкубатор) муассисаест, ки аз тарафи давлат барои рушди тиҷорати хурду миёна маблағгузорӣ гардида, барои ба истеҳсолот ҷалб намудани технологияҳои инноватсионӣ нигаронида шудааст.

 

Моддаи 5. Мақсадҳои таъсиси Парк

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Парк бо мақсадҳои зерин таъсис дода мешавад:

- рушди имкониятҳои илмию техникӣ ва технологию инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- татбиқи барнома ва лоиҳаҳои инноватсионӣ;

- ташкил ва татбиқи барномаҳои инноватсионии давлатӣ ва ғайридавлатӣ;

- мусоидат ба инкишофи технологияҳои муосири илмталаб;

- таҳкими заминаи моддию техникӣ ва молиявии муассисаҳои таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, истеҳсолӣ ва дарёфти сармояи дохилию хориҷӣ барои рушди илм ва технология;

- муттаҳид сохтани нерўи зеҳнӣ барои пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва ҷорӣ намудани технологияи аълосифати муосир дар истеҳсолот;

- ҷалби донишҷўён, аспирантҳо, магистрҳо, ҳайати профессорону омўзгорон ва муҳаққиқони илмию таҳқиқотӣ барои ҳамгироии илм ва истеҳсолот;

- рушди корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои хурду миёна;

- ташкили ҷойҳои нави корӣ;

- дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ;

- ҳамкории муассисаҳои илмӣ ва бизнеси инноватсионӣ.

 

Моддаи 6. Вазифаҳои асосии Парк

 

Вазифаҳои асосии Парк аз инҳо иборат мебошад:

- ҷорӣ намудани натиҷаҳои ниҳоии таҳқиқоти илмӣ ба истеҳсолот;

- ҳавасмандгардонии қобилияти зеҳнӣ баҳри таҳия ва ҷорӣ намудани технологияи аълосифат дар истеҳсолот;

- омўзиш ва истифодаи технологияи аълосифате, ки аз хориҷи кишвар ворид мешавад;

- такмили ихтисоси муҳаққиқон ва дигар кормандони илмиву таълимӣ, ки ба фаъолияти инноватсионӣ машғул мешаванд;

- рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи инноватсионӣ.

 

Моддаи 7. Самтҳои асосии фаъолияти Парк

 

Парк дар самтҳои зерин фаъолият менамояд:

- ҷорӣ намудани технологияи аълосифат вобаста ба талаботи бозор;

- таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионие, ки барои ҳамгироии илмҳои амалӣ ва истеҳсолот мусоидат менамоянд;

- фароҳам овардани шароит барои таҳия намудани махзани маълумот ҷиҳати пешбурди фаъолияти инноватсионӣ ва хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- омўзиши технологияҳои муосири илмталаби хориҷӣ ва истифодаи онҳо дар истеҳсолот;

- андешидани тадбирҳо ҷиҳати омўзиши таҷрибаи пешқадами лоиҳаҳои инноватсионии хориҷӣ ба хотири ҷалби технологияи нав ба истеҳсолот;

- фароҳам овардани шароит барои рушди инфрасохтори Парк ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии давлатӣ ва ғайридавлатӣ;

- бо сифати баланд анҷом додани таҷриба, ташхис ва дигар корҳои илмию технологӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ таъмини татбиқи онҳо;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, илмию таҳқиқотӣ, истеҳсолӣ ва афзун гардонидани буҷети онҳо;

- фароҳам овардани шароит барои рушди соҳибкории хурду миёна;

- истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир;

- тайёр намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи кишвар барои фаъолияти инноватсионӣ ва татбиқи барномаҳои инноватсионию технологӣ;

- таълими мақсадноки мутахассисон барои татбиқи барнома оид ба лоиҳаҳои инноватсионӣ.

 

Моддаи 8. Бақайдгирии давлатии Парк

 

1. Парк бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.

2. Парк аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ шахси ҳуқуқӣ эътироф карда мешавад.

3. Парк бе маҳдуд намудани мўҳлати фаъолияти он таъсис дода мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре муқаррар накарда бошад.

 

Моддаи 9. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Парк

 

Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Парк тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 10. Назорати фаъолияти Парк

 

1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати фаъолияти Паркро мақоми ваколатдори давлатӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, амалӣ менамояд.

2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар доираи салоҳияти худ ҷиҳати масъалаҳои назорати фаъолияти Парк қарор қабул менамояд ва оид ба фаъолияти онҳо тавсияҳои методӣ пешниҳод мекунад.

 

Моддаи 11. Анҷом додани ташхис

 

1. Парк бо тартиби ихтиёрӣ дар доираи салоҳияти худ вобаста ба мувофиқати соҳаи илмию истеҳсолӣ ба технологияи инноватсионӣ ташхиси барнома ва лоиҳаҳои инноватсиониро анҷом медиҳад.

2. Тартиби аз ҷониби Парк анҷом додани ташхиси барнома ва лоиҳаҳои инноватсиониро мақоми ваколатдори давлатӣ муайян менамояд.

 

Моддаи 12. Ҳамкории Парк бо дигар иштирокчиёни соҳаи илм ва технологияи инноватсионӣ

 

1. Парк бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки таҳқиқоти илмӣ, истеҳсолӣ ва инноватсионӣ мегузаронанд, ҳамкориро ба роҳ мемонад ё таҳқиқот ва ё лоиҳаи илмии онҳоро амалӣ мегардонад.

2. Парк бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади татбиқи барномаю лоиҳаҳои инноватсионӣ шартнома мебандад.

 

Моддаи 13. Ҳамкории байналмилалӣ

 

1. Парк бо ташкилотҳои байналмилалии илмӣ, инноватсионӣ ва технологӣ ҳамкорӣ намуда, метавонад дар татбиқи барнома ва лоиҳаҳои инноватсионии давлатҳои хориҷӣ иштирок намояд.

2. Ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба фаъолияти Парк мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

3. Парк тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ, дарёфти грантҳо, лоиҳаҳои инноватсионӣ ба институтҳои молиявии байналмилалӣ доир ба амалигардонии фаъолияти истеҳсолӣ ва ворид кардани технологияи аълосифат лоиҳаҳо пешниҳод менамояд.

 

Моддаи 14. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода

шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ш.Душанбе

21 июли соли 2010 № 629

 

 

ҚАРОРИ

МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

"Дар бораи Парки технологӣ"

 

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи Парки технологӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Парки технологӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

 

Раиси

Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

 

ш. Душанбе, 8 июли соли 2010 № 59

 

Подробнее

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНӢ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНӢ

 

Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, шартҳои

ташаккулёбӣ ва татбиқи сиёсати давлатии инноватсиониро муайян ва

муносибатҳои ҷамъиятиро дар ин соҳа танзим менамояд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- фаъолияти инноватсионӣ - фаъолияте, ки ба таҳия ва ҷорӣ намудани инноватсия (натиҷаи нав ё такмилдодашудаи таҳқиқоти илмӣ, корҳои таҷрибавию конструкторӣ ё дигар дастовардҳои илмию техникӣ) алоқаманд буда, барои расонидани он то бозор дар шакли нав ё такмилдодашудаи маҳсулот, хизматрасонӣ, усули истеҳсолот ё дигар натиҷаи самараноки ҷамъиятӣ равона карда шудааст;

- инноватсия - навоварӣ дар соҳаи техника, технология, кор, хизматрасонӣ ё идоракунӣ буда, ба истифодаи комёбиҳои илм ва технологияи пешқадаме асос ёфтааст, ки самаранокии баланди истеҳсолӣ ва ҷамъиятӣ дорад;

- маҳсулоти инноватсионӣ - натиҷаи фаъолияти инноватсионӣ, ки дар шакли нави маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо, усули истеҳсолот ё натиҷаи дигари барои ҷамъият самаранокиаш баланд ё натиҷаи интиқоли маҳсулоту хизматрасониҳои мавҷуда, усулҳои истеҳсолот ва натиҷаҳои дигари фоиданоки ҷамъиятӣ ифода меёбад;

- лоиҳаи инноватсионӣ - натиҷаи нерўи зеҳнии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба истифодаи ғояҳои нав мусоидат намуда, бо мақсади рушди илм ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир таҳия мегардад;

- иқтидори инноватсионӣ - маҷмўи шаклҳои гуногуни захираҳои зеҳнӣ, молиявӣ, истеҳсолию технологӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра, ки барои татбиқи фаъолияти инноватсионӣ заруранд;

- сиёсати давлатии инноватсионӣ - фаъолияти мақомоти давлатӣ, ки ба рушд, танзими давлатии фаъолияти инноватсионӣ, таҳияи механизм ва татбиқи он равона карда шудааст;

- стратегияи рушди инноватсионӣ - маҷмўи тадбирҳои идоракунии давлат, ки асоси онро афзалиятҳои дарозмўҳлат, мақсад ва вазифаҳои сиёсати инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд;

- барномаи мақсадноки инноватсионӣ - маҷмўи чорабиниҳои истеҳсолӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, хоҷагидорӣ, таҳқиқотӣ, илмӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва ғайра, ки барои татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар мувофиқа бо захираҳо, иҷрокунандаҳо ва мўҳлатҳои амалигардонии онҳо, ки ҳадафашон иҷрои самараноки масъалаҳои азхудкунӣ ва ҷорӣ намудани натиҷаҳои инноватсионӣ мебошад, равона шудаанд;

- ташкилотҳои инфрасохтори инноватсионӣ - технопаркҳо, технополисҳо, инкубаторҳои технологӣ, бизнес-инкубаторҳо, фондҳои венчурӣ, фондҳои инноватсионӣ ва дигар ташкилотҳо, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун инфрасохтори инноватсионӣ эътироф гардидаанд;

- фонди инноватсионӣ - шахси ҳуқуқие, ки фаъолияти он мусоидат намудан ба рушди фаъолияти инноватсионӣ тавассути маблағгузории лоиҳаҳои инноватсионӣ ва инфрасохторӣ, инчунин дигар хизматрасониҳо дар соҳаи инноватсия мебошад;

- фонди венчурӣ - шахси ҳуқуқие, ки фаъолияти он ба андўхтани воситаҳои молиявӣ барои сармоягузории лоиҳаҳои инноватсионии таваккали баланддошта ва технологияи аълосифати аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок равона гардидааст.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти

инноватсионӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

БОБИ 2. СУБЪЕКТ, ОБЪЕКТ ВА НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТИ

ИННОВАТСИОНӢ

 

Моддаи 3. Субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ

 

Ба субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ дохил мешаванд:

- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки фаъолияти инноватсиониро амалӣ менамоянд;

- соҳибмулкони объектҳои моликияти зеҳние, ки дар татбиқи фаъолияти инноватсионӣ иштирок менамоянд;

- сармоягузороне, ки фаъолияти инноватсиониро сармоягузорӣ менамоянд;

- ташкилотҳои инфрасохтори инноватсионӣ;

- мақомоти давлатӣ, ки дар ҳамоҳангсозӣ ва танзими фаъолияти инноватсионӣ иштирок мекунанд.

 

Моддаи 4. Объектҳои фаъолияти инноватсионӣ

 

Ба объектҳои фаъолияти инноватсионӣ дохил мешаванд:

- маҳсулоти инноватсионӣ;

- дастовардҳои фаъолияти зеҳнӣ, ки дорои иттилооти нав ва самарабахши техникӣ мебошанд;

- объектҳои ҳуқуқи истисноие, ки бо офаридани маҳсулоти инноватсионӣ алоқаманд мебошанд;

- лоиҳаҳои инноватсионӣ ва сармоягузорӣ, барномаҳо, кору хизматрасонӣ, ки бо офаридан, истифода ва паҳн намудани маҳсулоти инноватсионӣ алоқаманд мебошанд;

- дороиҳои молиявӣ ва коғазҳои қиматноки ташкилотҳои инноватсионӣ.

 

Моддаи 5. Намудҳои фаъолияти инноватсионӣ

 

Ба фаъолияти инноватсионӣ дохил мешаванд:

 

- ҷорӣ намудани ғояҳо ва дастовардҳои нави илмӣ дар сохтори идоракунии давлатӣ;

- иҷро ва хизматрасонии корҳои илмию таҳқиқотӣ, лоиҳавӣ, кашшофӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ, ки барои ба даст овардани маҳсулоти нав ё такмилдодашуда, усули нав ё такмилдодашудаи кору хизматрасониҳо, ҷараёни технологии нав ё такмилдодашудае, ки дар гардиши иқтисодӣ татбиқ мегарданд, равона шудаанд;

- ташкили бозори фурўши маҳсулот (кору хизматрасониҳо)-и инноватсионӣ;

- азнавҷиҳозонии технологӣ ва омодасозии истеҳсолот;

- гузаронидани озмоишҳо бо мақсади сертификатсиякунонӣ ва стандартонии ҷараёнҳои нави технологӣ, маҳсулот (кору хизматрасониҳо);

- истеҳсоли маҳсулот (кору хизматрасониҳо)-и нав ё такмилдодашуда ва ё мавриди истифода қарор додани технологияи нав ё такмилдодашуда дар марҳилаи ибтидоӣ то анҷоми мўҳлати меъёрии талофияти лоиҳаи инноватсионӣ;

- ташкил ва рушди инфрасохтори инноватсионӣ;

- тарғиби натиҷаҳои фаъолияти инноватсионӣ ва паҳн намудани инноватсия;

- ҳифз кардан, вогузоштан ва ба даст овардани ҳуқуқ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ (аз ҷумла ба дастовардҳои илмӣ, илмии техникӣ ва технологие, ки пурра ошкор нагардидаанд) бо мақсади азхудкунӣ ва татбиқи онҳо;

- дигар намудҳои фаъолият, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

 

Моддаи 6. Муносибатҳои шартномавӣ байни субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ

 

1. Фаъолияти инноватсионӣ бо мақсади азхудкунии истеҳсолӣ, таҳвили дастовардҳо ва натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва ё илмию техникӣ дар асоси шартномаҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- оид ба иҷрои корҳои лоиҳавӣ, кашшофӣ, техникӣ, илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ, ки барои татбиқи лоиҳаи инноватсионӣ зарур мебошанд;

- оид ба хизматрасонӣ барои амалӣ намудани фаъолияти инноватсионӣ ва суғуртаи таваккалҳои инноватсионӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаҳо;

- бо сармоягузороне, ки тартиб ва шаклҳои маблағгузории лоиҳаҳои инноватсионӣ, ҳисоб ва қабули натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳоро муайян мекунанд;

- дигар шартномаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

2. Иҷрокунанда тибқи шартномаи инноватсионӣ ўҳдадор мешавад, ки истифодаи маҳсулот (кор ва хизматрасониҳо)-и навро омода ва таъмин намояд. Фармоишгар ўҳдадор мешавад, ки ба иҷрокунанда ҳуҷҷатҳо ва иттилооти дахлдорро пешниҳод намуда, натиҷаи фаъолияти инноватсиониро қабул ва маблағи маҳсулотро пардохт кунад.

3. Бастани шартномаҳо, интихоби шарикон барои иштирок дар фаъолияти инноватсионӣ, муайян намудани ўҳдадориҳо, шартҳои дигари муносибатҳои тарафайн, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, ҳуқуқи истисноии субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ маҳсуб меёбад.

4. Натиҷаҳои фаъолияти инноватсионӣ моликияти ҳиссавии субъектҳои фаъолияти инноватсионие мебошанд, ки дар татбиқи он бевосита иштирок намудаанд, агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

 

БОБИ 3. СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ИННОВАТСИОНӢ

 

Моддаи 7. Асосҳои сиёсати давлатии инноватсионӣ

 

1. Асосҳои сиёсати давлатии инноватсиониро ташкил медиҳанд:

- стратегияи рушди инноватсионӣ;

- барномаҳои мақсадноки инноватсионӣ, ки мутобиқи стратегияи рушди инноватсионӣ таҳия шуда, аз вазифаҳо барои давраи муайян, нишондодҳои назоратшаванда, номгўи чорабиниҳои алоҳида ва чораҳои дастгирии давлатие иборат мебошанд, ки аз ҷониби мақомоти давлати ба субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ пешниҳод мегарданд;

- иттилоот оид ба натиҷаи фаъолияти инноватсионӣ, ки барои ҳар як барномаи алоҳида асоси низоми мониторинги татбиқи сиёсати инноватсионӣ ба ҳисоб меравад.

2. Сиёсати давлатии инноватсионӣ инҳоро дар бар мегирад:

- принсипҳои асосии ташаккулёбии стратегияи рушди инноватсионӣ;

- усулҳои татбиқ, механизм ва манбаъҳои маблағгузории стратегияи рушди инноватсионӣ;

- самтҳои афзалиятноки фаъолияти инноватсионӣ;

- намудҳои афзалиятноки маҳсулоти инноватсионӣ.

 

Моддаи 8. Стратегияи рушди инноватсионӣ

1. Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ (минбаъд – мақоми ваколатдор) дар асоси барномаҳои дарозмўҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

2. Баъди анҷоми мўҳлати татбиқи стратегияи рушди инноватсионӣ мақоми ваколатдор оид ба татбиқи он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи ҷамъбастӣ пешниҳод менамояд.

 

Моддаи 9. Барномаҳои мақсадноки инноватсионӣ

 

1. Бо мақсади рушди фаъолияти инноватсионӣ дар асоси стратегияи рушди инноватсионӣ барномаҳои мақсадноки инноватсионӣ таҳия карда мешаванд.

2. Тартиби бақайдгирии давлатӣ, ташкилу гузаронидани ташхис ва озмуни лоиҳаҳои инноватсионӣ, ки бо мақсади ворид намудан ба барномаи мақсадноки инноватсионӣ пешниҳод мегарданд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

БОБИ 4. МАҚСАД, ВАЗИФА ВА ПРИНСИПҲОИ СИЁСАТИ

ДАВЛАТИИ ИННОВАТСИОНӢ

 

Моддаи 10. Мақсад ва вазифаҳои сиёсати давлатии инноватсионӣ

 

1. Мақсади асосии сиёсати давлатии инноватсионӣ баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва таъмини рақобатпазирии истеҳсолкунандагони ватанӣ дар асоси таҳия ва паҳн кардани дастовардҳои заминавиест, ки инноватсияро беҳтар гардонида, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва ноилшавӣ ба ҳадафҳои миллии стратегиро таъмин менамояд.

2. Вазифаҳои асосии сиёсати давлатии инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:

- фароҳам овардани шароити мусоиди иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, бо истифода аз иқтидорҳои инноватсионӣ, технологияҳои аз ҷиҳати энергетикӣ каммасраф ва аз ҷиҳати экологӣ тозае, ки барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир мусоидат мекунанд;

- ташаккули заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки рушди фаъолияти инноватсионӣ ва ҳимояи манфиатҳои субъектҳои фаъолияти инноватсиониро таъмин менамояд;

- дастгирии давлатии субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ ва ташаккули инфрасохтори инноватсионӣ;

- ҷалби субъектҳои соҳибкории хурд ва миёна ба фаъолияти инноватсионӣ;

- таъмини ҳамкории илм ва истеҳсолот;

- мусоидат ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва моликияти зеҳнӣ;

- ҷалби сармояи бонкҳо, дигар сохторҳои молиявӣ ва маблағгузориҳои шахсӣ барои таъсис ва дар амал ҷорӣ намудани инноватсия;

- мусоидат ба ташаккули низоми тайёр кардани мутахассисон, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси онҳо дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ.

 

Моддаи 11. Принсипҳои сиёсати давлатии инноватсионӣ

 

Сиёсати давлатии инноватсионӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- таъсис, нигоҳдорӣ, рушд ва истифодаи самараноки иқтидори инноватсионӣ;

- эътирофи афзалиятнокии фаъолияти инноватсионӣ;

- танзими давлатии фаъолияти инноватсионӣ дар ҳамбастагӣ бо фаъолияти самараноки механизми рақобатпазир дар соҳаи инноватсия;

- шаффоф ва ошкор будани интихоби самтҳои афзалиятноки фаъолияти инноватсионӣ, механизмҳои ташаккул ва татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои инноватсионие, ки ба манфиати давлат амалӣ карда мешаванд;

- ҳамгироии фаъолияти инноватсионӣ, сармоягузорӣ, илмӣ, илмию техникӣ ва илмию таълимӣ;

- мутамарказонии захираҳо бо мақсади рушди фаъолияти инноватсионӣ;

- махфияти натиҷаҳои инноватсионие, ки аз рўи моҳияти худ сирри давлатӣ мебошанд;

- ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ ва моликияти зеҳнӣ.

 

БОБИ 5. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНӢ

 

Моддаи 12. Шаклҳои танзими давлатии фаъолияти инноватсионӣ

 

1. Мақомоти давлатӣ шаклҳои зерини танзими фаъолияти

инноватсиониро истифода менамоянд:

- муайян намудани афзалиятҳои рушди инноватсия;

- таҳия, татбиқ ва маблағгузории барномаҳои мақсадноки инноватсионӣ ва дигар барномаҳо, аз ҷумла дар самти ҳавасмандгардонии рушди фаъолият ва инфрасохтори инноватсионӣ;

- пешбинии маблағҳои буҷетӣ барои маблағгузории лоиҳаҳои инноватсионӣ, корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ доир ба самарабахшии натиҷаҳои фаъолияти инноватсионӣ, ҷойгиронии фармоишҳо ба таҳвили мол, иҷрои корҳо, хизматрасониҳо барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва маҳаллӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҷойгир намудани фармоиши давлатӣ барои хариди маҳсулоти дар натиҷаи фаъолияти инноватсионӣ истеҳсолшуда дар доираи барномаҳое, ки мутобиқи сиёсати давлатии инноватсионӣ тасдиқ шудаанд;

- таъсиси фондҳои инноватсионӣ ва венчурӣ, сармоягузории таъсис ва рушди дигар субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ, саҳмгузорӣ, аз ҷумла ҷалби сармояи хориҷӣ бо мақсади таъсиси субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ, ки барои рушди равандҳои инноватсионӣ муҳиманд;

- андешидани чораҳои зарурӣ оид ба тарғиби фаъолияти илмию техникӣ дар воситаҳои ахбори омма ва баланд бардоштани сатҳи ҷалби сармоя ба фаъолияти инноватсионӣ.

2. Танзими давлатии фаъолияти инноватсионӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ метавонад мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи дигар шаклҳо амалӣ гардад.

 

Моддаи 13. Дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионӣ

 

1. Дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ дар шаклҳои зерин амалӣ мегардад:

- маблағгузории корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ барои ба вуҷуд овардани маҳсулоти нав ё такмилдодашуда, технологияи нав ё такмилдодашуда, ки барои истифодабарии амалӣ таъин шудаанд;

- ба субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ барои ихтиёрдорӣ ё истифодабарӣ пешниҳод намудани молу мулки давлатӣ, натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ ва воситаҳои фардикунонидашудаи ба онҳо баробар;

- муқаррар намудани имтиёзҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мусоидат ба рушди корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки ба фаъолияти инноватсионӣ машғуланд;

- дастгирии истеҳсолию технологии субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ;

- расонидани хизматҳои махсусгардонидашуда ва машваратӣ;

- маблағгузории корҳо оид ба тайёр намудан ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии мутахассисон дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ;

- фароҳам овардани шароити зарурии ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ, ки сармоягузориро барои татбиқи сиёсати давлатии инноватсионӣ таъмин менамояд;

- ташаккули инфрасохтори инноватсионии илм, истеҳсолот ва хизматрасонӣ;

- иштирок дар ташкили истеҳсолоти рақобатпазир;

- таъмини бозори кафолатноки фурўши маҳсулоти инноватсионӣ дар

асоси фармоиши давлатӣ;

- пешбарии инноватсияҳои ватанӣ ба бозори хориҷӣ;

- дигар шаклҳои дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

2. Дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионӣ дар мўҳлати талофияти лоиҳаи инноватсионӣ, вале на зиёда аз панҷ соли баъди татбиқи амалии он таъмин карда мешавад.

3. Дастгирии давлатии азхудкунӣ ва паҳнкунии маҳсулоти инноватсионӣ дар давраи муқарраршуда пешниҳод гардида, дар ин мўҳлат он маҳсулоти инноватсионӣ ҳисобида мешавад.

 

Моддаи 14. Талаботи асосӣ ба лоиҳаҳои инноватсионие, ки барои

дастгирии давлатӣ пешниҳод мешаванд

 

Лоиҳаҳои инноватсионии барои дастгирии давлатӣ пешниҳодшаванда бояд ба талаботи зерин ҷавобгў бошанд:

- дорои пешниҳодҳое бошанд, ки бо мақсади ягонаи таъсиси инноватсияҳо муттаҳид шудаанд;

- дорои асосноккунии техникӣ ва мақсаднокии иқтисодии татбиқи лоиҳаи инноватсионӣ бошанд;

- дар ҳолатҳое, ки дастгирии давлатӣ бо шарти баргардонидани маблағ ба буҷет амалӣ мешавад, тасдиқи баргардонидани маблағ пешниҳод карда шавад;

- дорои ҳуҷҷатҳое бошанд, ки мавҷудияти навоварӣ, мўҳлати муайяни вақт, ки дар давоми он маҳсулот инноватсионӣ ҳисобида мешавад, инчунин ҳимояи ҳуқуқии лоиҳаи инноватсиониро таъмин карда тавонанд;

- дорои нақша ва ҷадвали татбиқи лоиҳаи инноватсионӣ бошанд;

- дорои хулосаи ташхисии мусбии мақоми ваколатдор бошанд, ки маводи пешниҳодгардидаи лоиҳаи инноватсиониро ҳамаҷониба арзёбӣ намояд.

 

Моддаи 15. Тартиби пешниҳод ва асосҳо барои рад намудани лоиҳаҳои инноватсионие, ки барои дастгирии давлатӣ пешниҳод шудаанд

 

1. Тартиби аз ҷониби субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ пешниҳод кардани лоиҳаҳои инноватсионӣ барои дастгирии давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор муқаррар карда мешавад.

2. Агар лоиҳаи ииноватсионии ба дасттирии давлатӣ пешниҳодшуда ба талаботи Қонуни мазкур ҷавобгў набошад, мақоми ваколатдор дар мўҳлати як моҳ аз рўзи муроҷиати субъекти фаъолияти инноватсионӣ ба он раддияи далелнок мефиристад.

3. Асосҳо барои рад намудани дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионӣ инҳоянд:

- мувофиқат накардани лоиҳаи инноватсионии пешниҳодгардида ба талаботи моддаи 14 Қонуни мазкур;

- қарздор будани субъекти фаъолияти инноватсионӣ дар назди ташкилотҳои қарзӣ ва буҷет.

4. Аз рўи қарори мақоми ваколатдор оид ба рад намудани дастгирии давлатии лоиҳаи инноватсионӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 16. Манбаъҳои маблағгузории фаъолияти инноватсионӣ

Фаъолияти инноватсионӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, грантҳо ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешавад.

 

Моддаи 17. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ салоҳияти зеринро дорад:

- самтҳои асосии сиёсати давлатии инноватсиониро муайян менамояд;

- стратегияи рушди инноватсиониро тасдиқ менамояд;

- мақоми ваколатдорро дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ муайян менамояд;

- татбиқи барномаҳои мақсадноки инноватсиониро назорат мекунад;

- барои ташкил ва рушди инфрасохтори инноватсионӣ чораҳои зарурӣ меандешад;

- чораҳои дастгирии давлатии фаъолияти иннноватсиониро муайян менамояд;

- дигар салоҳиятро дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

 

Моддаи 18. Ваколатҳои мақоми ваколатдор дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ

 

Мақоми ваколатдор дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ ваколатҳои зеринро дорад:

- стратегияи рушди инноватсионӣ ва барномаҳои мақсадноки инноватсиониро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;

- ташхис ва озмуни лоиҳаҳои инноватсиониро мегузаронад;

- мониторинги фаъолияти субъектҳои фаъолияти инноватсиониро тибқи самтҳои мақсадноки фаъолияти онҳо, ки стратегияи рушди инноватсионӣ тасдиқ намудааст, амалӣ менамояд;

- ба субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ барои ихтиёрдорӣ ё истифодабарӣ молу мулки давлатӣ, дастовардҳои фаъолияти зеҳнӣ ва воситаҳои фардикунонидашудаи ба онҳо баробарро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- ваколатҳои дигарро дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

 

Моддаи 19. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ

 

Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ дохил мешаванд:

- дар асоси стратегияи рушди инноватсионӣ ва барномаҳои мақсадноки инноватсионӣ таҳия намудани барномаҳои мақсадноки инноватсионии маҳал ва пешниҳод намудани онҳо ба баррасии Маҷлиси вакилони халқи дахлдор;

- ба субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор барои ихтиёрдорӣ ё истифодабарӣ пешниҳод намудани молу мулки давлатӣ, дастовардҳои фаъолияти зеҳнӣ ва воситаҳои фардикунонидашудаи ба онҳо баробар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигар дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ

 

Моддаи 20. Ҳамкории байналмилалии субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ

 

Ҳамкории байналмилалии субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 21. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани муқаррароти Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 22. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

 

 

Президенти

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ш.Душанбе

16 апрели соли 2012 № 822

 

 

ҚАРОРИ

МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

"Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ"

 

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ" қабул карда шавад.

 

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров

 

ш. Душанбе, 19 январи соли 2012, № 659

 

 

ҚАРОРИ

МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

"Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ"

 

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии

Тоҷикистонро "Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ" баррасӣ намуда, қарор

мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ"

ҷонибдорӣ карда шавад.

 

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

 

ш. Душанбе, 29 марти соли 2012 № 296

 

Подробнее
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное