08 Июнь 2017

Системаи энергетикии офтобӣ

Системаи энергетикии офтобӣ

Олимони Институти физикию техникӣ ба номи академик Умаров С.У. системаи энергетиикии офтобии тавоноиаш 15 кВт барои таъмини ҷараёни барқи автономии лифт ва рушноии бинои 12 ошёна коркард кардаанд. Айни замон системаи мазкур дар биноҳои 12 ошёнаи шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор дорад.

Ҳамчунин онҳо системаи энергетиикии офтобии тавоноиаш 10 кВт-ро коркард кардаанд. Ин коркард дар посбонгоҳи сарҳадии Ҷомарҷи Болои ноҳияи Бадахшони Ҷумҳурии Афғонистон татбиқ шуда истодааст.

 

Подробнее

Навъҳои нави пахтаи Институти зироаткорӣ

Навъҳои нави пахтаи Институти зироаткорӣ

Тибқи маълумоти Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар масоҳати 113 ҳазору 470 га пахта кишт карда шуд. Аз ин шумора навъҳои нави пахтаи Институти зироаткорӣ зиёда аз 95 ҳазор га ё 84%-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла навъҳои пахтаи “Хатлон-2014” дар масоҳати 4800 га, “Хатлон-2011” 3900 га, “Хатлон-2012” 690 га, “Хатлон-2013” 320 га, “Хатлон-2015” 120 га, “Тоҷикистон” 13800 га, “Сорбон” 3300 га, “Насими Вахш” 600 га, “Б-70” 900 га, “Сабз-Н” 70 га, “Дўстӣ-ИЗ” 70 га, “20-солагии Истиқлолият” 80 га, “Неъмат” 3320 га, “Ирам-1МН” 5970 га, “Хуҷанд-05” 2800 га, “Хуҷанд-67” 9420 га, “9326-В” 70 га ва “Ориёӣ” 5430 га-ро ташкил доданд.

Подробнее

Ваксинаи эксперименталӣ бар зидди касалии гули буз дар Ҷумҳурии

Ваксинаи эксперименталӣ бар зидди касалии гули буз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Олимони Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар якҷояги бо Институти вирусология ва микробиологияи ветеринарии Федератсияи Русия ваксинаи таҷрибавӣ бар зидди касалии гули бузро коркард карданд.

Силсилаи таҷрибавии вирусваксина бар зидди касалии гули бузро дар ду хоҷагиҳои ноҳияҳои Данғараи вилояти Хатлон озмоиш карданд, ки онҳо низ статсионарҳои ногувор бар зидди касалии гули буз ба шумор мерафтанд. Бо ҳамин мақсад дар ду рамае, ки шумораи онҳо 760 ва 820 сар ҳайвонҳои синну солҳояшон гуногунро дарбар мегирифт, эм гузаронида шуд. Мушоҳидаи ҳайвонҳои эм кардашуда муайян кард, ки дар рамаи хоҷагии “С. Кабиров” аз 760 ҳайвонҳо дар давоми сол ду буз ба касалии гулӣ гирифтор шудаанд. Ҳифзи рамаи эм кардашуда 99,7 фоизро ташкил дод. Дар дигар рамаи хоҷагии “Данѓара” аз 820 бузи касалии гули эм кардашуда 5 буз бемор шуд, ҳифз 99,3 % ташкил дод. Аз чунин нишондиҳанда хулоса баровардан мумкинн аст, ки вирусваксина аз штамми таҳҷоии «ОК/А-04» тайёр кардашудаи касалии гулӣ, қариб 8,0% дар шароити саҳро озмоиш гузаронидан босамартар аст, нисбат ба ваксинаи зидди касалии гули буз истеҳсолкардаи ООО “Алтын –Тамыр.

Озмоиши силсилавии вирусваксина зидди касалии гули бузӣ аз штамми таҳҷоии «ОК/А-04» тайёркардашуда, барои буз безарар мебошад. Он метавонад барои тадбирҳои пешгирӣ аз беморҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода карда шавад.

Устувории вирусоваксинаи таҷрибавии бар зидди касалии гули буз коркард карда шуда, қобилияти бехавф ҳифз кардани онҳоро аз беморӣ, ба муддати 12 моҳ нигоҳ медорад.

Подробнее

Манбаҳои маълумотии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Манбаҳои маълумотии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Манбаҳои маълумоти коркардшудаи олимон ва барномасозони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз қабили: «Ҷамъоварии барномаҳои компютери барои коркарди матни тоҷикӣ»

«Барномаи таъминот барои сохти идоракунии тақдим», «Барнома барои стандартизатсия матн бо забони тоҷикӣ»., «Китобҳои дарсии электронӣ аз фанни «Омор», «Ҷамъоварии барномаҳои компютерӣ барои коркарди матни тоҷикӣ дар раванди таҳсил ва фаъолияти илмии кафедраҳо, факултетҳо, сохторҳои таълимӣ ва илмӣ пурсамар татбиқ гардида истодаанд.

Подробнее

Моделсозии ададии масъалаҳои динамика ва назарияи зилзилатобоварӣ

Моделсозии ададии масъалаҳои динамика ва назарияи зилзилатобоварӣ

Олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ «Моделсозии ададии масъалаҳои динамика ва назарияи зилзилатобоварӣ»-ро муайян карданд. Модели математикӣ, алгоритми ҳалли масъала ва барномаи компютерӣ дар ҳалли масъалаҳои муайян намудани ғуншавиҳои шиддатҳо дар иншооти зеризаминӣ ва конструктсияҳои сохтмонӣ аз таъсири қувваҳои статикӣ ва динамикӣ тартиб дода шудаанд.

Модели мазкур дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сесмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шудааст.

Подробнее

Датчики ҳароратӣ

Датчики ҳароратӣ

Натиҷаҳои фаъолияти ихтирооти олимони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ аз ҷумла ихтирооти академик Каримов С. К. бо номи дастгоҳи «Датчики ҳароратӣ» барои чен кардани ҳарорати хок пеш аз кишти зироатҳои хоҷагии қишлоқ дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, ва ноҳияи Данғара татбиқ гардида, мавриди амал қарор дорад.

Подробнее

Консепсияи рақобатпазиргардонӣ ва рушди инноватсионии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020

Консепсияи рақобатпазиргардонӣ ва рушди инноватсионии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020

Соли 2011 Донишгоҳи технологии Тоҷикистон “Консепсияи рақобатпазиргардонӣ ва рушди инноватсионии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” таҳия кард ва айни замон он амалӣ гашта истодааст.

Дар доираи Консепсияи мазкур як қатор озмоишгоҳҳои замонавии таълимӣ ба монанди «Бехатарии иттилоот», «Муҳандиси барномавӣ», «Телекоммуникатсия», “Академияи шабакавии Cisco”, озмоишгоҳи физика ва ғайра сохта ба истифода дода шуд.

Ҳамчунин ҳар нимсолаи таҳсил озмуни «Беҳтарин лоиҳаи инноватсионии донишҷӯ» гузаронида мешавад. Натиҷаи озмун дар маҷалаи «Донишҷӯ ва навгониҳои илму техника» нашр карда мешавад. Таҳияи лоиҳаи инноватсионии тахассусӣ яке аз 7 шартҳои рақобатпазиргардонии донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мебошад.

Подробнее
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное