Новости об инновациях



ЭЪЛОН!

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 Оиди иштирок дар Семинар-машварати илмӣ-амалӣ дар мавзўӣ “Тиҷоратикунонӣ ва интиқоли технологияҳо”, ш.Душанбе, 28-29 майи с.2019

 

  Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шумо эҳтиромона мерасонад, ки Муассиса дар доираи «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020», Нақшаи кори Шўрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва аз натиҷаи таҳлили фаъолияти паркҳои технологӣ ва марказҳои инноватсионии ҷумҳурӣ (Фармоиши Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 12.10.с.2018 №69 аз санаи 1 то 30 ноябри соли 2018) тасмим гирифт, ки барои роҳбарон ва кормандони паркҳои технологӣ ва марказҳои инноватсионӣ семинар-машварат баргузор намояд. Семинар-машварати илмӣ-амалӣ дар мавзўӣ “Тиҷоратикунонӣ ва интиқоли технологияҳо” бо иштироки коршиносон аз Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (ш.Женева, Швейтсария) санаи 28 ва 29 майи соли ҷорӣ дар бинои Муассиса баргузор мегардад. Аз ин лиҳоз, аз муассисони паркҳои технологӣ ва марказҳои инноватсионӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати иштирок намудан дар кори семинар-машварат номзадии роҳбар ва ду нафар корманди технопарк ё маркази инноватсиониро бо нишондоди пурраи ному насаб, почтаи элктронӣ ва телефонҳо (таъҷилӣ) то санаи 16 май ба почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. , тавассути факс 2222138 ба унвонии Муассиса ирсол намудан, мусоидат намоед. Эзоҳ: Иштирокчиёни семинар-машварат, ки аз шаҳру ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ширкат меварзанд, хароҷотҳои марбут ба сафари хизматӣ ба дўши муассисон ё худи онҳо вобаста мебошад. Иштирокчиён муддати 2 (ду) рўз ба пуррагӣ фарогири семинар мешаванд, аз ин лиҳоз аз муассисони паркҳои технологӣ ва марказҳои инноватсионӣ хоҳиш карда мешавад, ки барои дар рўзҳои 28 ва 29 май аз кор ҷавоб додани онҳо мусоидат намоянд. Телефонҳо барои тамос: 2222154, 987274444, 903036161, 989024444 Роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное