Дар бораи портал


Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Интернет –портали милии инноватсионии Тоҷикистон

www.innovation.tj

Интернет-портали миллии инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ягона ва аввалин буда, бо мақсади таъмини дастрасии умумӣ ва қонеъ гардонидани талаботҳои муштариён ба иттилоот дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ ва объектҳои моликияти зеҳнӣ, иттилоот оиди дар истеҳсолот ҷорӣ намудани инноватсияҳо ва технологияҳои нав, татбиқи онҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, иттилоот оиди инноватсияҳо ва технологияҳои нав таъсис дода шудааст. Дар интернет-портал маълумотҳо дар бораи фаъолияти инноватсионӣ, технологияҳои нав ва хизматрасониҳои вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилотии олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии соҳавӣ, ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ, соҳибкории хурду миёна ҷойгир карда мешаванд.

Дар интернет портали мазкур мутобиқи “Тартиби ҷамъоварӣ ва ҷойгир кардани иттилоот дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ ва объектҳои моликияти зеҳнӣ дар Интернет-портали муттаҳидаи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 ва Барномаи рушди нерў ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020” ки, тибқи қонунгузории ҷорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, ҷамъоварӣ ва ҷойгир карда мешавад (қарори ҲҶТ аз 2 декабри соли 2014, № 762).

 

Маълумотҳои зарурие, ки дар Интернет-портал ҷойгир карда мешавад:

  • Коркардкунандагони технология, маҳсулоти инноватсионӣ ва истеъмолкунандагони инноватсияҳо;
  • Нерўи илмӣ ва илмию техникии мамлакат;
  • Нашрияҳои илмии олимони Тоҷикистон дар мамлакат ва хориҷ аз он;
  • Дархостҳои патентӣ ба ихтироот;
  • Лоиҳаҳо бо дастгирии молиявии ташкилот, фондҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ;
  • Ташкилотҳои маркетингӣ вобаста ба тиҷоратикунонии коркардҳои инноватсионӣ;
  • Заминаи техникию технологии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, марказ ва муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, корхонаҳо ва ба монанди инҳо;
  • Захираҳои кадрӣ дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ;
  • Вазъи иқтисодиёт дар мамлакат;
  • Шумораи шаҳодатномаҳои муаллифӣ ба ҳуқуқи селексионер;
  • Номгўи патентҳо ба ихтироот ва намунаи саноатӣ;
  • Номгўи дигар объектҳои моликияти зеҳнӣ, ки барои тиҷоратикунонӣ пешниҳод мегарданд;
  • Маълумот дар бораи татбиқи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-техникӣ ва ихтироъкорӣ.

Ҳамчунин дар интернет-портал, маводҳои иттилоотӣ доир ба навовариҳои инноватсионии олимон аз давлатҳои хориҷа, сомонаҳои интернетии вобаста ба фаъолияти инноватсионӣ, навовариҳои ҷолиб, маълумот дар бораи озмуну конфронсҳои соҳаи моликияти зеҳнӣ, ҳисоботҳо дар соҳаи моликияти саноатӣ, иттилооти оморӣ, тақдимҳо, аксҳо ва нишонии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти инноватсионӣ машғул мебошанд, ҷойгир карда мешавад.

Тартиби мазкур мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ”, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011, №227, “Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”, аз 12 декабри соли 2012, №687, “Дар бораи Барномаи рушди нерў ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020” ва аз 12 феврали соли 2013, №38 “Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ” таҳия шуда, масъалаҳои асосии ҷамъоварӣ ва паҳнкунии иттилоотро дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ ва объектҳои моликияти зеҳнӣ муайян менамояд.

Тибқи Тартиб ҷамъоварии иттилооти дахлдорро Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилооти”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд. Назорат аз болои самарабахш будани фаъолияти Интернет-портали миллии инноватсионӣ ба зиммаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное