Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Коркардкунандагони технология, маҳсулоти инноватсионӣ ва истеъмолкунандагони инноватсияҳо

Картошка

Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Озмоишгоҳи биологияи молекулавӣ ва биотехнологияи растаниҳо. Навъи нави картошкаи “Академияи илмҳо-1” (АИ-1) ба роҳ мондааст.....(давомаш)

 

 

Субтилбен

СУБТИЛБЕН-препарати пробиотикии спектризиёди таъсирноки дошта аз маҷмӯи моддаҳои ҳалнашудаи ҳуҷайраҳои зиндаи микробииҳайлҳои таҳҷоии дорои хусусиятҳои бактерии сидӣ нисбати аксарияти ҳайлҳои бактерияҳои грамммусбӣ ва граммманфӣ мебошад. Таркиб: аз маҷмӯи моддаҳои ҳалнашудаи ҳуҷайраҳои зиндаи микробииҳайлҳои таҳҷоӣ Bac.subtilis ва омехтаи бентонит – пектинӣ иборат мебошад.. ....(давомаш)

 

 

 

Картошка

Бо пешниҳод ва тавсияҳои олимон соли 2017 зиёда аз 45 навъу намунаҳои селексионии картошкаро дар майдони 5,55га дар минтақаҳои гуногуни агроиқлимии ҷумҳурӣ, аз он ҷумла: дар стансияи таҷрибавии зироатҳои субтропикии н. Ҷ. Балхӣ, пойгоҳи таҷрибавии “Ҷиргатол”-и н. Лахш, хоҷагиҳои деҳқонии ҳамкор «Муҳсинҷон»-и н. Данғара, «Мустафо»-и н. Рӯдакӣ, «Абдумалик»-и н. Деваштич ва КВД “Хоҷагии ёрирасонӣ Канаск”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кишт карда шуд. Омӯзиши навъу намунаҳо натиҷабардорӣ карда шуд.....(давомаш)

Хӯлаҳои ба коррозия тобовари алюминий-оҳан

Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминии Тоҷик» як миқдор алюминий истеҳсол карда шудааст, ки сифати паст дорад. Сабаби сифати паст доштани алюминии истеҳсол кардашуда дар он аст, ки дар таркибашэлементи кимиёвии оҳан дорад. Маҳсулот бо чунин таркиб дар бозори ҷаҳонӣ харидори худро пайдо карда наметавонад.... (давомаш)

 

Ҳосил кардани лигатураи алюминий бо стронсий ва барий

Аз тарафи олимони Институти химияи ба номи В.И. Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон технологияи бевакуумии ҳосилкардани лигатураи алюминий бо стронсий ва барий коркард карда шудааст. Технологияи мазкур, дар корхонаи воҳиди давлатии «Алюминии тоҷик» истифода кардашуданаш мумкинаст... (давомаш)

 

Таҳқиқоти генетикӣ ва ихтирои доруи зиддивирусии «Гепатоман».

Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи гастроэнтерология» яке аз калонтарин муассисаҳои табобатӣ ва илмии ҷумҳурӣ ба шумор меравад.Ҷорӣ намудани дастовардҳои пешқадами илмӣ дар самти гастроэнтерология ва гепатология самтҳои асосӣ пажуҳишгоҳ мебошад...(давомаш)

 

Ҳосил кардани метан аз биомасса (дастгоҳҳои биогазҳосилкунанда)

Маркази таҳқиқот ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия бо тадқиқ ва татбиқи энергияи экологиву аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар ба инфрасохтори Тоҷикистон ва ҳаёти муқаррарии тоҷикистониён машѓул мебошад. Марказ батареяҳои офтобӣ барои коркарди нерўи барқ, коллекторҳои офтобӣ барои гарм кардани об, генераторҳои бодӣ ва дастгоҳҳои биогазиро гузоштааст... (давомаш)

 

 

Асбоби кишткунанда

Олимони Пажӯҳишгоҳи зироаткорӣ асбоби кишткунандаро бо мақсади беҳтар кардани сифати кишти баробар ва истифодаи эътимоднокии кишткунандаҳои пахта сохтаанд... (давомаш)

 

 

Инноватсияҳо дар селексия ва тухмипарварии картошка дар Тоҷикистон

Шаҳодатномаҳо оид ба даст овардҳои селексиони «Навъҳои картошкаи «Файзобод», «Дӯстӣ», «Зарина» дорад Олимони Пажӯҳишгоҳи ботаника, физиология ва генетикаи рустаниҳо бо усули биотехнологӣ дурагаҳо ва навъҳои нави ояндадори картошка, ҳамчунин системаи ҳосил кардани маводи яккачини тухмии картошкаро ихтироъ карданд...(давомаш)

 

 

 

Мошинаи муштараки КМ-1,8 «Кишоварз» барои коркарди сатҳии хок ва кишти зироатҳои ғалладонагӣ

Мошинаи муштараки КМ-1,8 «Кишоварз» барои коркарди сатҳии хок ва кишти зироатҳои ғалладонагӣ таъйин шудааст... (давомаш)

 

 

 

 

Технологияи аз оби партовҳои чоҳи кон ва техникии саноати уран баровардани урани тозакардашуда

Олимони Агентӣ оид ба энергияи атомии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои принсипиалии технологии истихроҷи урани тозашуда аз оби партовҳои чоҳи конҳои саноати уранро коркард намудаанд,... (давомаш)

 

 

 

Технологияиҳосил кардани пектин аз партовҳои мевагӣ

Олимони Пажӯҳишгоҳ технологияи ҳосил кардани пектинро аз партовҳои мевагӣ таҳия карданд...(давомаш)

 

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное