«Кулоҳи» доно
«Ширкати бразилиягӣ, ки бо истеҳсоли автомобилҳои боркашонӣ машғул аст, кулоҳи “доноро” кор карда баромадааст, ки ба ронандагон ба ҳушёр будан дар вақти рондани автомобил кӯмак мерасонад. Ин ихтироъ аз бисёр садамаҳо дар роҳҳо, ки бо сабаби хоболудии ронанда рӯй медиҳанд, наҷот хоҳад дод. Ширкати Ford Motor - истеҳсолкунандаи автомбилҳои боркашонӣ дар Бразилия, ба ҷашни 60 солагии худ прототипи SafeCap кор карда баромадааст. SafeCap – ин кулоҳи “доно” аст, ки ронандаро дар бораи он, ки хоболудӣ ба вай зурӣ карда истодааст, огоҳ мекунад. Азбаски ғанаби ронанда дар сари рул сабаби асосии садамаҳо мебошад, SafeCap албатта харидорони худро пайдо мекунад.