Новости об инновациях



Форуми ихтироъкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имсол аз рӯзи таъсисёбии Низоми миллии моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол пур мешавад.

Ба муносибати санаи зикршуда ва 25 солагии таъсисёбии низоми миллии моликияти зеҳнӣ, санаи 27 апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Душанбе плаза” бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ ва Форуми ихтироъкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту муассисаҳо, ихтироъкорон, намояндагон аз Идораҳои патентии ИДМ, Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ баргузор гашт. Дар доираи Форуми ихтироъкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Намоишгоҳи дастовардҳои ихтироъкорони ҷумҳурӣ дар шакли лавҳаҳо (банер) варақаҳои иттилоотӣ, таҷҳизоту экспонатҳо маърази меҳмонон, намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо гардонида шуданд. Маротибаи дуюм аст, ки Форуми ихтироъкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор мегардад ва мақсади асосии он, дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба анҷом додани навоварию ихтирооти нав, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир, таҳкими алоқаи байни илм ва истеҳсолот, баланд бардоштани татбиқи амалӣ ва самаранокии натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмӣ, тарғибу ташвиқи масъалаҳои марбут ба ҳифзи моликияти зеҳнӣ, дастгирию ҳавасмандгардонии ихтироъкорону навоварони ҷумҳурӣ ва рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамасола дар доираи як қатор озмунҳо ва чорабиниҳо онҳоеро қадрдонӣ менамояд, ки бо хирад ва офаридаҳои хеш, бо эҷоди тахайюлот ба зиндагӣ ва ҷомеаи имрӯза, баҳри манфиати ҳама инсонҳои рӯи замин кору фаъолият менамоянд ва дастовардҳои зеҳнии хешро барои манфиати халқ равона менамоянд. Дар доираи Форуми мазкур як қатор ихтироъкорони ҷумҳурӣ, ки саҳми босазои худро дар рушди соҳаи ихтироъкорӣ гузоштанд бо мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд. Аз ҷумла ихтироъкорони барҷаста Ҷаҳон Азонов, Суҳбатҷон Баҳриев ва Саидилҳом Аҳмадзода бо мукофоти олӣ «Нишони фахрӣ»-и Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии металлургӣ»-и Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик «ТалкО» бо Медали тиллоии Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ ба номи В.И. Блинников «Барои саҳм гузоштан дар фаъолияти ихтироъкорӣ”, Қурбонов Мансур - номзади илмҳои кимиё, ходими калони илмии Маркази инноватсионии биологияи ва тиббии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Медали тиллоии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ қадрдонӣ карда шуданд. Мо дар замоне умр ба сар мебарем, ки асри пешравиҳо, асри навовариҳо, асри техника ва технологияҳои электрониву рақамӣ аст ва мо боварии комил дорем, ки ҳар як ихтироъкор, навовар бо ақлу заковат ва зеҳни худ барои пешравии ин соҳаи муҳим кӯшишу ғайрат намуда, дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда мегузорад.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное