Новости об инновациях



Семинар-машварат дар мавзўи «Тартиби ҷамъоварӣ ва ҷойгир кардани иттилоот дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ ва объектҳои моликияти зеҳнӣ дар Интернет-портали миллии инноватсионӣ”

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 3 ва 4 уми майи соли 2018 дар шаҳрҳои Истаравшан ва Хуҷанди вилояти Суғд семинар - машварат дар мавзўи «Тартиби ҷамъоварӣ ва ҷойгир кардани иттилоот дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ ва объектҳои моликияти зеҳнӣ дар Интернет-портали миллии инноватсионӣ»-ро баргузор намуд.

Дар кори семинар–машварат намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд иштирок намуданд. Мақсади аз баргузор намудани чунин семинар-машварат, фаҳмонидани тартиби пешниҳод намудани маводҳо ба Интернет-портали миллии инноватсионӣ дар асоси пешниҳод намудани шакли нав, ҳамчунин бақайдгири корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таљрибавӣ – конструкторӣ, бақайдгири рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, бақайдгири захираҳои иттилоотии, баамонатгузории дастхатҳои илмӣ мебошад. Ҳамзамон аз ҷониби маърўзачиён-коршиносони Муассиса ба саволҳои мубрами иштирокчиёни семинар, ҷавобҳои муфид ва маслиҳатҳо дода шуд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное