Новости об инновациях



Корҳои эҷодиву навоварии наврасону ҷавонон вусъат меёбад.

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Ҳайати мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷалби афроди лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, азхуднамудани технологияҳои инноватсионӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот ва ҳамзамон ҷиҳати иҷрои нақша чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020».

Ҳайати мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷалби афроди лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, азхуднамудани технологияҳои инноватсионӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот ва ҳамзамон ҷиҳати иҷрои нақша чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020», таҳлили рафти иҷрои Нақшаи кори Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018, ҷалби наврасону ҷавонон ба Озмуни ҷумҳуриявии “Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон” зери унвони “Ҷавонон созандагони ватан” (муҳлати Озмун аз 2 апрел то 28 сентябр) ба шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон сафарбар гардиданд. Гуруҳҳои корӣ бо намояндагон ва шахсони мутасаддӣ мулоқотҳо анҷом дода, ҳамзамон ҷиҳати ҷалби бештари наврасону ҷавонон (аз байни толибилмон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейҳо, коллеҷҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ) ба корҳои навоварию ихтироъкорӣ, дастрас намудани рӯйхати наврасону ҷавонони дорои қобилияти зеҳни эҷодиву навоварӣ дошта корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ анҷом доданд. Ҳамчунин намояндагони Муассиса ба Марказҳои рушди истеъдодҳо ва Муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ташриф оварда аз рафти корҳои эҷодӣ, навоварӣ ва ихтироъкориҳои наврасону ҷавонон дидан намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи супориши бевоситаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 2 июни соли 2018, №17547/26/10, Озмуни мазкур моҳи октябри соли ҷорӣ ба таври васеъ, ҳамчун Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти шиори «Ҷавонон созандагони Ватан» баргузор ва ҷамъбаст карда мешавад. Қобили зикр аст, ки дар Марказҳои рушди истеъдодҳо ва Муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷавонону наврасон новобаста аз он, ки дар таътили тобистона қарор доранд дар маҳфилҳои эҷодиву навоварӣ аъзо гардида аз устодони соҳибтаҷриба маҳорати касбӣ меомӯзанд. Аз ҷумла, вақт аз оне, ки Гуруҳӣ корӣ аз ҳисоби мутахассисони Муассиса аз бахши авиамодели Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дидан намуданд, наврасон ба сохтани модели тайёра машғул буданд. Наврасон бо шавқ ва маҳорати баланд тавассути дастгоҳу лавозимотҳо зери сарпарастии устод корҳоро иҷро менамуданд. Дар саҳни муассисаи мазкур шогирдон Ҳакимов Абдулатиф, Назаров Дилшод ва Назиров Ҷамшед бо ҳамроҳии устодашон Раҳимов Ҷалол тайёраи тамғаи ДБАА ЧД-01 “Сомон” муаррифӣ намуданд, ки аз лиҳози техникӣ таҳлил намоем, он қадами аввалине мебошад, ки имрӯз шогирдон бо дониши закӣ ва маҳорати эҷодӣ ба корҳои навоварии сатҳи баланд саъю кӯшиш намуда истодаанд. Дар суҳбат Роҳбари Марказ Ашурмадов Фирдавс иброз намуд, ки умуман дар вилояти Суғд 28 марказҳои таҳсилоти иловагӣ дар 18 шаҳру ноҳия арзи вуҷуд дорад ва зиёда аз 1000 нафар наврасону ҷавонон аъзои чунин марказҳо мебошанд. Мо боварӣ дорем, ки оянда аз чунин шогирдон ихтироъкорони бузург тавлид меёбанд ва мо тавассути тайёраҳои истеҳсоли Тоҷикистон сайру саёҳат хоҳем кард. 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное