Новости об инновациях



Маркази инноватсионӣ ифтитоҳ гардид

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи рушди кӯдакони (Юнисеф) Созмони Миллати Муттаҳид дар назди Корхонаи Воҳиди давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иттиллоот ва тамоюли ҷавонон” барои рушди соҳаи илм ва инноватсия, ҷалби ҷавонону наврасон ба ихтироткорию навоварӣ як маркази дорои тамоми шароити муҷаҳаз Маркази инноватсионии ҷавонон сохта ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи чорабини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ва роҳбари хазинаи рушди кӯдакон (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Лучиано Калестини иштирок намуданд. Зимни ифтитоҳи марказ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдуллозода Аҳтам Рустам иброз намуданд, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои маҳбуби кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омӯзиш ва азхуднамоии донишҳои замони муосир тамоми имкониятҳои фарох ба насли ҷавон фароҳам оварда шудааст. Ҷавонон бояд аз ин имкониятҳои истифода намуда, бо донишу маҳорат ва ақлу заковат дар ҷодаи илмомӯзӣ, бахусус илмҳои дақиқ гомҳои устувор гузоранд. Маркази иноватсионии ҷавонон дар доираи барномаҳои махсуси Созмони Миллали Муттаҳид барои наврасону ҷавонон сохта шуда, он метавонад барои баланд бардоштани маърифати эҷодию илмӣ ва ихтироъкорию навоварии ҷавонон дар Тоҷикистон заминаи мусоидро фароҳам оварад. Ман бовари дорам, ки маркази мазкур дар роҳи дарёфти чеҳраҳои навовару ихтироъкор замина гузошта, маркази мазкур метавонад иқтидори илмии ҷавононро зиёд намояд, - зикр намуд зимни ифтитоҳи марказ роҳбари хазинаи рушди кӯдакон (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Лучиано Калестини.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное