Новости об инновациях



ҶСК «ҚОЛИНҲОИ ҚАЙРОҚҚУМ»

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

ҶСК «Қолинҳои «Қайроққум» яке аз корхонаҳои калонтарини бисёрсоҳавӣ оид ба истеҳсоли қолинҳо ва маҳсулоти қолинбофӣ ба ҳисоб меравад.

ҶСК «Қолинҳои «Қайроққум» яке аз корхонаҳои калонтарини бисёрсоҳавӣ оид ба истеҳсоли қолинҳо ва маҳсулоти қолинбофӣ ба ҳисоб меравад. Дар давоми фаъолияти 60-солаи худ корхона дар соҳаи қолинбофӣ таҷрибаи бой ҳосил намуда, дорои анъанаҳои хеш гашта, худро ҳамчун шарики поквиҷдон ва боэътимод муаррифӣ намудааст. Бо баробари мунтазам ворид намудани технологияҳои нав ва аз худ намудани навъҳои нави маҳсулот, корхона ба дастовардҳои баланди истеҳсолӣ ноил гашт. Маҳсулоти ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» бо сифати баланд, зебогӣ, услуб, рангубор ва нақшу нигоре, ки инъикосгари анъанаҳои халқҳои Шарқ мебошанд фарқ мекунад. Соли 2013 дар таърихи қолинбофон бо ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корхонаи мо хотирмон мебошад. Маҳз бо иқдому дастгирии Президенти кишвар баҳри рушди соҳаи қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои устуворе гузошта шуд. Қабул гардидани Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020 ба рушди соҳаи қолинбофӣ мусоидат намуда, ба корхонаи мо имконият фароҳам овард, ки бо баробари аз нав намудани парки технологии корхона, ҳаҷми истеҳсолот мунтазам зиёд карда шавад.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное