Чорабиноҳои гузаронидашуда аз тарафи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар соли 2017

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

1. Аз тарафи Донишгоҳи миллии Точикистон моҳи феврали соли 2017 бо мақсади дарёфт ва ҷалб намудани ҷавонон ба фаъолияти ихтироъкорӣ ва баланд бардоштани фаъолияти илмию инноватсионии хонандагон литсей, донишҷӯён, унвонҷӯён, аспирантон, докторантон ва ҳайати устодону профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар рӯзномаи «Ба қуллаи дониш» №3 аз 23 феврали соли 2017 озмуни корҳои беҳтарини инноватсионӣ эълон гардид. Ба озмуни мазкур 4 (чор) лоиҳаи инноватсионӣ пешниҳод гардида моҳи ноябри соли 2017 ҷамъбаст карда шуда, ғолибон бо дипломҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд. 2.Рӯзи 20 июни соли 2017 дар толори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Чумҳурии Тоҷикистон муарифӣ дар доираи 4-умин Ярмаркаи байналмилали тиҷорати «Суғд-2017» барпо шуд, ки дар он директори генералии АНО «МЦСПП» И.Б.Титов аз шаҳри Москва иштирок намуда, Шартномаи ҳамкорӣ байни АНО «МЦСПП» ва Парки технологии ДМТ ба имзо расид. 3. Моҳи сентябри соли равон дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ (навоварӣ)» бахшида ба «Соли ҷавонон» миёни ихтироъкорону навоварони ҷавон баргузор гардид. Аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон донишҷӯи курси 2-уми факултети молиявию иқтисодӣ ихтисоси 25010400 Раҷабов Умаршо Ганҷалович ва донишҷӯи курси 5-уми факултети баҳисобгирию иқтисодӣ Сироҷов Шоҳрух иштирок намуда сазовори ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ гардиданд. 4. Санаи 14 то 22 октябри соли 2017 дар ш.Сочии Федератсияи Россия фестивали байналмилалии ҷавонони ихтирокор баргузор гардид, ки дар он ихтироъкор, мутахассис-барномасози маркази тестӣ ва мониторинги сифати таълими ДМТ Наимов Мирқурбон Юсуфҷонович иштирок намуд. 5. 10-уми августи соли 2017 муҳокимаи пешниҳоди Парки технологӣ оид ба зерсистемаи «Волидайн» дар асоси барномаи «Татбиқ ба ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» дар ҷаласаи Шӯрои илмию техникии Парки технологӣ дастгирӣ ёфт. Мақсади ин зерсистема дар он аст, ки мувофиқи он хизматрасонии иловагӣ ба волидайни донишҷуён пешниҳод шавад. Мактуб ба компанияи Вавилон барои ҷудо кунии 100 000 паёмак равон карда шуд ва ҳоло дар арафаи санҷиши техникӣ мебошад. Гуруҳи корӣ оиди сохтани барномаи зерсистемаи дарсҳои фосилавӣ ташкил карда шудааст, ки барои донишҷӯёни шӯъбаи ғоибона равона карда мешавад.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное