Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми июли соли 2010 № 629 “Дар бораи Парки технологӣ” бо фармони ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 06.01.2011с № 8-09 дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон «Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» таъсис дода шуд.

Парки технологӣ муассисаи ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ буда, он дар ҳудуди махсус таъсис дода мешавад, ки бо мақсади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияи аълосифат барои қонеъ гардонидани талаботи истеҳсолот дар истифодаи технологияҳои навтарин ва татбиқи лоиҳаҳои иноватсионӣ ва инвеститсионӣ фаъолият менамояд.

Парк дар доираи Оинномаи худ, ки дар он вазъи ҳуқуқии Парк муайян гардидааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Парки технологӣ бо мақсадҳои зерин таъсис дода шудааст:

- рушди имкониятҳои илмию техникӣ ва технологию инноватсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

- татбиқи барнома ва лоиҳаҳои инноватсионӣ;

- ташкил ва татбиқи барномаҳои инноватсионии давлатӣ ва ғайридавлатӣ;

- мусоидат ба инкишофи технологияҳои муосир;

- таҳкими заминаи моддию техникї ва молиявии муассисаи таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, истеҳсолӣ ва дарёфти сармояи дохилию хориҷӣ барои рушди илм ва технология;

- муттаҳид сохтани нерӯи зеҳни барои пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва ҷорӣ намудани технологияи аълосифати муосир дар истеҳсолот;

- ҷалби донишҷӯён, аспирантҳо, магистрҳо, ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳаққиқони илмию таҳқиқотӣ барои ҳамгироии илм ва истеҳсолот;

- рушди корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои хурду миёна:

- ташкили ҷойҳои нави корӣ;

- дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ;

- ҳамкории муассисаҳои илмӣ ва тиљорати инноватсионӣ.

Вазифаҳои асосии Парк аз инҳо иборат мебошад:

- ҷорӣ намудани натиҷаҳои ниҳоии таҳқиқоти илмӣ ба истеҳсолот;

- ҳавасмандгардонии қобилияти зеҳни баҳри таҳия ва ҷорӣ намудани технологияи аълосифат дар истеҳсолот;

- омӯзиш ва истифодаи технологияи аълосифате, ки аз хориҷи кишвар ворид мешавад;

- такмили ихтисоси муҳаққиқон ва дигар кормандони илмиву таълимӣ, ки ба фаъолияти инноватсионӣ машғул мешаванд;

- рушди ҳамкориҳои байналмилали дар соҳаи инноватсионӣ.

Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оиди дастовардҳои илмӣ ва татбиқи онҳоро дар амал омода сохтан чунин корҳоро иҷро намуд.

Мутахассисони Парки технологӣ дар бахши фановарии рӯшноӣ лоиҳае таҳия сохта ва мувофиқи он нақшаи сохтани лампаҳоро ба роҳ мондааст, ки нисбат ба лампаҳои Шӯравӣ қариб 10 ва нисбат лампаҳои каммасрафи ҳозира 2-3 баробар каммасрафтаранд. Муҳимаш он, ки ин лампаҳо аз лиҳози экологӣ ва техникии ягон зарар надоранд ва иқтидораш ба 5 Вт баробар мебошад.

Мувофиқи барномаи дурнамои ҳукуматӣ оид ба нигаҳдории саломатии шаҳрвандони ҶТ дар Парки технологӣ истеҳсоли маводҳои фаъоли биологӣ иборат аз 6 номгӯй: татум(сумаха), барги газанда (листья крапива), алафи чойкаҳак (трава зверабоя), меваи настаран (шиповник), гармала (трава череда), барги мармарак (листья шалфей), ки аз ташхиси лабораторӣ гузаштаанд, ба роҳ монда шудааст. Ҳоло ҳуҷҷатҳои лозима баъди гузаштани ташхиси лабораторӣ бо дастгирии ҳаматарафаи ректори ДМТ мӯҳтарам Имомов М.С. барои иҷозати сертификати фурӯш ба хадамоти назорати фаъолияти фармасевтӣ супорида шуда ва бо шаҳодатномаи бақайдгирӣ силсилаи ЛС №005018, №005019, №005020, №005021, №005022 ва №005023 дода шуд ба ДМТ дар хусуси он ки мутобиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи маводи доруворї ва фаъолияти фармасевтӣ” маводҳои доруворӣ; татум(сумаха), барги газанда (листья крапива), алафи чойкаҳак (трава зверабоя), меваи настаран (шиповник), гармала (трава череда), барги мармарак (листья шалфей) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. Шаҳодатномаи мазкур дар муддати 5 сол амал мекунад ва барои ташхиси пурраи лаборатори ба Ҷумҳурии Украина бо дастгирии декани факултети дорусозӣ равон карда шудааст. Маводҳои фаъоли биологӣ дар нуқтаҳои фурӯши хӯрокаи умумии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба фурӯш бароварда шуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное