Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Парки технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 қайд намуданд, ки бо вуҷуди дастовардҳои муайяни илмӣ, робитаи илм бо истеҳсолот, воридшавии инноватсия дар низоми илмӣ ва муҳимтар аз ҳама, рушди илмҳое, ки бо иқтисодиёти кишвар робитаи бевосита доранд, ҳамчун масъалаҳои мубрами рӯз боқӣ мондаанд. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки, Академияи илмҳо бояд ҳамкории парки технологӣ ва инноватсиониро бо паркҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вусъат бахшида, ҷиҳати аз соли равон дар истеҳсолот ба роҳ мондани дастовардҳои инноватсионӣ тадбирҳо андешад.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Парки технологӣ” (№629, аз 21 июли соли 2010) бо Қарори Шӯрои олимони донишгоҳ (№10 аз 6 июли соли 2012) Парки технологии донишгоҳ таъсис дода шудааст. Айни замон парки технологии донишгоҳ асосан корҳои илмию тадқиқотиро бо корхона ва ташиклотҳо дар асоси шартнома ба роҳ монда, инчунин барои донишгоҳу донишкадаҳои кишвар таҷҳизоти лабораторӣ тайёр карда истодааст. Аз ҷумла дар давоми соли 2014 бо ҶДММ «Газпром нефт - Тоҷикистон» оид ба муайян кардани хосиятҳои техникӣ-истифодабарии сӯзишвории инноватсионии Gdrive, бо Муассисаи махсусгардонидашудаи нақлиёти тиббии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе оид ба муайян кардани сарфи сӯзишворӣ, бо Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шартнома корҳои илмӣ-тадқиқотӣ гузаронида, барои Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар н. Рашт комплекти озмоишӣ аз фанни физика тайёр намуд.

Дар давоми фаъолияти кориаш Парки технологии донишгоҳ дар соли 2015 барои Донишгоҳи давлатии шаҳри Кулоб тибқи шартнома комплекти озмоишӣ аз фанни физика тайёр намуда истодааст. Айни замон масъалаи бастани шартнома дар масъалаи тайёр намудани комплекти озмоишӣ аз фанни физика бо дигар донишгоҳу донишкадаҳо, аз ҷумла филиали Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи акад. М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфтушунид рафта истодааст.

Бо ҶСК “НБО РОҒУН” шартномаи ҳамкорӣ нисбати муайян кардани меъёри аслии гашти шинаи автомобилҳои боркаш баста шудааст. Инчунин бастани шартномаи ҳамкорӣ нисбати муайян кардани меъёри истифодабарии таҷҳизот, дастгоҳ, қисмҳои ҷудогонаи воситаҳои нақлиёт ва сӯзишворӣ, таҳияи низомнома, ҳуччатҳои меъёрию хуқуқӣ ва дигар санадҳо ба забони давлатӣ, сертификатсияи кормандон, ва тайёр намудани ҷузъҳои алоҳидаи таҷҳизоту мошинҳо дар Маркази муҳандисию техникии донишгоҳ дар назар аст.

Айни замон сомонаи интернетии Парки технологии донишгоҳ дар реҷаи тестӣ ба кор оғоз намудаст. Адреси технопарк дар интернет

www.technopark.tj, www.facebook.com/TechnologicalParkTTU .

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное