Будьте в курсе инновационных информаций внутри страны и за ее пределами через наш Национальный интернет-портал

    «ЛЕТНЯЯ ШКОЛА ВОИС 2021»

    .

    Государственное учреждение «Национальный патентно-информационный центр» Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан информирует студентов, специалистов в различных областях, а также молодых и юных новаторов, что Федеральная служба по интеллектуальной собственности Российской Федерации (Роспатент) совместно с Всемирной организацией интеллектуальной собственности (ВОИС) и Российской государственной академией интеллектуальной собственности (РГАИС) организует летнюю школу ВОИС с 28 июня по 9 июля текущего года в гибридном формате.

    Семинари илмию амалӣ дар мавзӯи «Татбиқи илм дар истеҳсолот ва мушкилоти ҷойдоштаи соҳа»

    .

    Санаи 8 июни соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 15 апрели соли 2021 дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, семинари илмию амалӣ дар мавзӯи «Татбиқи илм дар истеҳсолот ва мушкилоти ҷойдоштаи соҳа» баргузор гардид. Дар кори семинари илмию амалии номбурда намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, паркҳои технологӣ, марказҳои инноватсионии ҷумҳурӣ, инчунин корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин чорабинӣ мавзўъҳо вобаста ба корҳои илмию техникӣ ва инноватсионӣ, татбиқи дастовардҳои таҳқиқотӣ ва ихтироъкорӣ дар истеҳсолот, тавсеаи минбаъдаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, дарёфти механизми робитаи зичу самарабахши илм бо истеҳсолот, инчунин мушкилоти ҷойдошта дар соҳаҳои қайдгардида мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бояд қайд кард, ки дар раванди семинари илмию амалӣ аз ҷониби Роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаву стратегияҳои Ҳукумати кишвар дар самти татбиқи дастовардҳои илмию ихтироъкорӣ дар истеҳсолоти ватанӣ диққати махсус дода шуд. Инчунин, дар кори семинари баргузоршуда муколама ва муҳокимаронӣ атрофи дастури сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳрезии механизми раванди пайвасти илм ба истеҳсолот, ки 15 апрели соли 2021 дар ҷаласаи нахустини Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомотҳои дахлдори кишвар доданд, доир гардид.

    Ифтитоҳи Марказии инноватсионии тиҷоратии PEAK дар Душанбе

    .

    19 майи соли 2021 Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода якҷо бо Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Меттю Лоусон дар маросими кушодашавии Марказии инноватсионии тиҷоратии PEAK дар Душанбе ширкат варзиданд. Бояд қайд намуд, ки Марказии инноватсионии PEAK маҳсули Барномаи тиҷорат ва инноватсияи Вазорати корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалии Британияи Кабир (FCDO) буда, мақсади он мусоидат ба рушди бахши хусусии нисбатан қавӣ, диверсификатсияшуда ва фарогир дар Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон тавассути тарғиби навовариҳо ва рушд дар байни ширкатҳои навтаъсис (стартапҳо), хурд ва миёна ба воситаи таъсиси марказҳои рушди навовариҳо дар соҳаи соҳибкорӣ ва беҳтар намудани бозори хизматрасониҳои машваратӣ дар соҳаи соҳибкорӣ мебошад.

    обзоры автоновинок kaps4karing.com
    село ремонтное