Новости об инновациях



Семинари илмию амалӣ дар мавзӯи «Татбиқи илм дар истеҳсолот ва мушкилоти ҷойдоштаи соҳа»

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Санаи 8 июни соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 15 апрели соли 2021 дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, семинари илмию амалӣ дар мавзӯи «Татбиқи илм дар истеҳсолот ва мушкилоти ҷойдоштаи соҳа» баргузор гардид. Дар кори семинари илмию амалии номбурда намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, паркҳои технологӣ, марказҳои инноватсионии ҷумҳурӣ, инчунин корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин чорабинӣ мавзўъҳо вобаста ба корҳои илмию техникӣ ва инноватсионӣ, татбиқи дастовардҳои таҳқиқотӣ ва ихтироъкорӣ дар истеҳсолот, тавсеаи минбаъдаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, дарёфти механизми робитаи зичу самарабахши илм бо истеҳсолот, инчунин мушкилоти ҷойдошта дар соҳаҳои қайдгардида мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бояд қайд кард, ки дар раванди семинари илмию амалӣ аз ҷониби Роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаву стратегияҳои Ҳукумати кишвар дар самти татбиқи дастовардҳои илмию ихтироъкорӣ дар истеҳсолоти ватанӣ диққати махсус дода шуд. Инчунин, дар кори семинари баргузоршуда муколама ва муҳокимаронӣ атрофи дастури сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳрезии механизми раванди пайвасти илм ба истеҳсолот, ки 15 апрели соли 2021 дар ҷаласаи нахустини Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомотҳои дахлдори кишвар доданд, доир гардид.

Подробнее

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное