Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Хӯлаҳои ба коррозия тобовари алюминий-оҳан

Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминии Тоҷик» як миқдор алюминий истеҳсол карда шудааст, ки сифати паст дорад. Сабаби сифати пастдоштани алюмини истеҳсол кардашуда дар он аст, ки дар таркибаш элементи кимиёвии оҳан дорад. Маҳсулот бо чунин таркиб дар бозори ҷаҳонӣ харидори худро пайдо карда наметавонад.

Олимони институти кимиёвии ба номи В.И. Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз алюминии пастсифат хӯлаҳои нав бо зичии каму мустаҳкамии кофӣ ва хосиятҳои мусбии фоидаовар коркард кардаанд.

Онҳо аз алюминии сифаташ паст хӯлаҳое ҳосил карданд, ки ба сифати протекторҳо ҳамчун маводҳои анодӣ барои муҳофизати хатҳои зеризаминии обгузар ва газгузар аз коррозия истифода шуда метавонанд. Ин коркард имконият медиҳад, ки металлҳои босифати паст истеҳсолкардашудаи Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминии Тоҷик» харидорони худро пайдо намоянд.

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное