Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

ТАҲҚИҚОТИ ГЕНЕТИКӢ ВА ИХТИРОИ ДОРУИ ЗИДДИВИРУСИИ «ГЕПАТОМАН»

Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи гастроэнтерология» яке аз калонтарин муассисаҳои табобатӣ ва илмии ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Ҷорӣ намудани дастовардҳои пешқадами илмӣ дар самти гастроэнтерология ва гепатология самтҳои асосӣ пажуҳишгоҳ мебошад.

Олимони пажуҳишгоҳ таҳқиқоти генетикӣ бурда маълум карданд, ки дар Тоҷикистон се генотипи вируси гепатити В мавҷуд будааст: А, С ва D. Генотипи D дар 62,8%, А – 27,8%, С – 9,4% ҳолатҳо вомехуранд. Гепатити музмин ҳангоми генотипи А фаъолтар ҷараён ёфта, бештар сабаби сиррози ҷигар мегардад.

Тадқиқоти мутасияи дар сатҳи precore/core геноми гепатити В нишон дод, ки ду намуди мутасия А1762G и G1764А дар промотори гени core HBV метавонад репликасияи геноми вируси гепатити В-ро паст кунад ва мутасияи G1894 дар сатҳи precore синтези HbeAg-ро боз дорад.

Ташхиси пайдарҳамии ДНК дар байни экзонҳои 7 ва 8 нуклеотидҳои алоҳида полиморфизмро дар ҳолатҳои 13491 ва 13511 дар гени р53 пайдо намуд, ки ба пайдошавии карсиномаи гепатоселлюлярӣ дар беморони гепатити музмини В пайвастаст. Омузиши метаболитҳои пешоби беморон маълум сохт, ки баландшавии миқдори глисин ва креатинин аз пайдоиши саратони ҷигар шаҳодат медиҳанд. Нуфузи паҳншавии карсиномаи гепатоселюлляри (КГС) дар Тоҷикистон аз миқдори беморони гепатитҳои музмини В, С и D вобаста аст.

Усулҳои муосири ташхис ва табобати гепатитҳои музмини вирусӣ дар амалия ҷорӣ шуданд. Муайянсозии тағироти геноми IL28B ҳангоми гепатити музмини С ҷавоби устувори вирусологиро пешгуӣ менамояд.

Ҳамроҳсозии бисиклол ба табобати дугона (пегинтрон+рибавирин) ҳангоми гепатити музмини С бо генотипи 1 таъсирнокии муолиҷаи зиддивирусиро зиёд менамояд. Усулҳои нави табобати кома, синдроми гепатореналӣ ва хунрезиш аз варидҳои васеъшудаи сурхруда ҳангоми сиррози ҷигар пешниҳод гаштанд.

Дар асоси гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон олимони пажуҳишгоҳ доруи зиддивирусӣ бо номи «Гепатоман» ихтироъ карданд. Воситаи зиддивирусӣ барои муолиҷаи гепатити С, дорои моддаҳои фаъоли биоло­гии бурҷ ва хуч буда, иловатан решаҳои коснӣ, ширинбия, зарбех, чокла, бехҳои вартоҷ ва гиёҳи чойкаҳакро дар таносубҳои гуногун илова мекунанд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное