Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Бо пешниҳод ва тавсияҳои олимон соли 2017 зиёда аз 45 навъу намунаҳои селексионии картошкаро дар майдони 5,55га дар минтақаҳои гуногуни агроиқлимии ҷумҳурӣ, аз он ҷумла: дар стансияи таҷрибавии зироатҳои субтропикии н. Ҷ. Балхӣ, пойгоҳи таҷрибавии “Ҷиргатол”-и н. Лахш, хоҷагиҳои деҳқонии ҳамкор «Муҳсинҷон»-и н. Данғара, «Мустафо»-и н. Рӯдакӣ, «Абдумалик»-и н. Деваштич ва КВД “Хоҷагии ёрирасонӣ Канаск”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кишт карда шуд. Омӯзиши навъу намунаҳо натиҷабардорӣ карда шуд. Бо пешниҳод ва тавсияҳои олимон соли равон дар Стансияи таҷрибавии зироатҳои субтропикии ноҳияи Ҷ. Балхии Институт дар майдони 0,50 га 5 навъу намунаҳои картошка“Шукрона”, “Нурӣ”, “Адиба”, “Овчӣ”, “Аладдин” кишт карда шуд, ки ҳосилнокии онҳо180-230 с/га-ро ташкил намуд. Инчунин дар майдони 1,5 га навъҳои картошкаи “Шукрона” ва “Нурӣ” дар хоҷагии деҳқонии «Мӯҳсинҷон»-и ноҳияи Данғара, хоҷагиҳои деҳқонии “Тосқалъа” ва “Ҷамолиддин”-и ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон дар майдони 2 га 3 навъи картошка; (“Шукрона”, “Нурӣ” ва “Аладин”), хоҷагии деҳқонии “Меҳробод”- и шаҳри Ҳисор дар майдони 1 га 2 навъи картошка; (“Шукрона” ва “Нурӣ”, хоҷагии деҳқонии “Ориф”– и шаҳри Турсунзода, дар майдони 0,60 га 4 навъи картошка; (“Шукрона”, “Нурӣ”, “Каримӣ”, “Овчӣ”), боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб дар майдони 0,10 га 2 навъи картошка; (“Нурӣ” ва “Пикассо”) гузаронида шуд. Ҳосилнокии навъу намунаҳо вобаста ба минтақаҳо аз 285 с/га, то 320 с/га-ро ташкил дод. Дар хоҷагии деҳқонии «Мустафо»- и н. Рӯдакӣ 13 навъу намунаҳои коллексионии картошка, барои омӯзиш ва интихоб дар майдони 0,10 кишт гузарониданд. Аз мушоҳидаҳобармеояд, ки навъҳои картошкаи «Биг- роза», «Алладин» ва «Пикассо» нисбати дигар навъҳои таҷрибавӣ бартарӣ аз рӯи ҳосилнокӣ ва тобоварияшон ба гармию хушкӣ дар ин минтақа зоҳир намуданд. Ҳосилнокии ин навъҳо аз ҷумла: «Сомон»-188 с/га, «Биг-роза»-184 с/га, «Пикассо»-185 с/га ва «Алладин»-125 с/га-роташкилдод. Кишти коллексияи 18 навъу намунаҳои картошка дар пойгоҳи таҷрибавии Ҷиргатоли ноҳияи Лахш аз ҷониби кормандони шуъба дар майдони 1,65 га барои интихоб ва офаридани навъу намунаҳои тезпазаку миёнапаз ба хушкиву гармӣ тобоваргузаронида шуда, ҳосилнокии клонҳои №21 (484 с/га), № 3 (370 с/га),ва навҳои “Алладин” (370 с/га), “Тоҷикистон” (342 с/га) нишондоҳои хуби истеҳсолиро нишон доданд. Усули парвариши минилӯндаҳо аз тухмакҳои ботаникӣ яке аз роҳҳои муҳими селексияи навъҳои картошкаи серҳосил ва таъмини кишоварзон бо тухмии аълосифати солим мебошад. Дар натиҷаи озмоишҳои таҷрибавию истеҳсолӣ технологияи парвариши картошка аз тухмакҳои ботаникии картошка бо усули парвардагӣ ва бевоситаи кишт дар хок тарҳрезӣ гардида идома ёфт. Бо мақсади интихоби селексияи навъҳои пешпазаки ба касалӣ ва гармию хушкӣ тобовар, олимони шуъба тухмакҳои ботаникии ду навъи картошка “Ассоль” ва “Лада”-ро аз Федератсияи Россия вориднамуда дар Пойгоҳи таҷрибавӣ Ҷиргатол дар 3-докахона таҳти омӯзиш қарор дошт.Натиҷаҳои ба дастомада нишон доданд, ки ҳосилнокии ҳисобии навъи “Ассоль” -228 с/га ва “Лада”- 313 с/га-ро ташкил дод. Санаи 17.05.2017 дар хоҷагии деҳқонии «Абдумалик»-и ноҳияи Деваштич, кишти зиёда аз 29 навъу намунаҳои картошкадар майдони 0,80 га гузаронида шуд, ки натиҷаҳои назаррас ба қайд гирифта шуданд. Аз натиҷаҳо бармеояд, ки навҳои картошкаи “Сомон”, “Азизӣ”, “Алладин”, “Нурӣ”, “Радео”ва “Шукрона”, бо аломатҳои беҳтарини биологию хоҷагидорӣ нисбат ба навҳоидигари киштгардида бартарӣ доштанд. Ҳосилнокии ҳисобии онҳо вобаста ба навъҳо аз 578 то 760 с/га ро ташкил намуд. Бо ёрии олимони шуъба соли 2017 дар КВД “Хоҷагии ёрирасонӣ Канаск”-и Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзеъи Канаски шаҳри Ваҳдат 9 навъу намунаҳои картошка “Тоҷикистон”,“Дурахшон”, “Ред-скарлет” ва клонҳои № 6,21,24,27,50, 182/1 зери омӯзиш қарор дода шуд. Натиҷаи таҳқиқот нишон дод, ки картошкаи навъи “Тоҷикистон” ва клони № 20 нисбат ба дигар навъу клонҳо аз ҳисоби ҳосилнокӣ бартарӣ нишон доданд. Навъҳои картошкаи офаридаи олимони шуъба, аз ҷумла: “Дурахшон” ва “Сурхоб” аз тарафи Комиссияи давлатии озмоиши навъҳо ва муҳофизати навъи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақабоб гардиданд. Тухмии микролундаҳои навъи картошкаи “Нуриниссо”дар қитъаи таҷрибавии назди Институт барои ба даст овардани тухмиҳои солими картошка кишт ва корҳои агротехникӣ сари вақт гузаронида шуда,ҳосил ҷамъоварӣкарда шуд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное