Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

СУБТИЛБЕН-препарати пробиотикии спектризиёди таъсирноки дошта аз маҷмӯи моддаҳои ҳалнашудаи ҳуҷайраҳои зиндаи микробииҳайлҳои таҳҷоии дорои хусусиятҳои бактерии сидӣ нисбати аксарияти ҳайлҳои бактерияҳои грамммусбӣ ва граммманфӣ мебошад. Таркиб: аз маҷмӯи моддаҳои ҳалнашудаи ҳуҷайраҳои зиндаи микробииҳайлҳои таҳҷоӣ Bac.subtilis ва омехтаи бентонит – пектинӣ иборат мебошад. Бартарӣ. Дорои хусусиятҳои баланди бактерии сидӣ (бактериякушӣ) нисбати аксарияти ҳайлҳои бактерияҳои грамммусбӣ ва грамманфӣ. Хусусиятҳои фармакологӣ. Моддаи амалкунандаи ҳайлҳои Bac.subtilis, ки хусусияти баланди бактерии сидӣ, қобилияти синтезиаминокислотҳо, витаминҳо, моддаҳои антибиотикиро дорост. Тартиби истифодабарӣ - даҳонӣ (орально): - бомақсади табобати касалиҳои меъдаю рӯда ва роҳинафас (колибактериоз, салмонеллёз, пастереллёз, протейоз ва дигар барангезандаҳо ва ассотсиатсияи онҳо, дар ҳолати изтироб (стресс), дисбактериоз, инчунин ба сифати хӯрокаи иловагӣ барои беҳтаршавии қадкашӣ ва афзоиш) дар ҳайвонот ва парандаҳо; - препарат барои табобат 2 маротиба дар 1 шабонарӯз дар вояи 0,2 -0,3 гр/ кг дар 1 кг вазнизинда то шифоёбӣ истифода бурда мешавад; - препарат барои пешгирӣ дар хоҷагиҳои номусоид ба сироятҳои дар боло номбаршуда ба муддати 5-7 рӯз 1 маротиба дар 1 шабонарӯз дар вояи 0,2 -0,3 гр/ кг дар 1 кг вазни зинда истифода бурда мешавад; - пеш аз истифодаи препарат маводи дар пакет бударо хуб омехта мекунанд (бароиҳалкунии препарат ему хошоки омехта), ё вобаста аз вазнинии касалӣ маводи ҳалнокардаро истифода мебаранд. Аломатҳои манъ. Ҳатто дар мавриди қабули зиёди нишондодҳои меъёрӣ препарат безарарбуда, таъсири кумулятивӣ (ҷамъшавии дорувор ё заҳр), эмбриотоксикӣ, тератогенӣ надорад ва сермаҳсули чорво ва сифати маҳсулотро паст намекунад. Тарзи тайёркунӣ - суспензия, хока, ғурӯша (гранула) ва ҳабирангаш сафеди хокистарӣ. Мӯҳлати кафолати препарат. 24 моҳ, дар дараҷаи + 10 – 250 С. Институти Ветеринарии АИКТ Тел. 221-51-92 куч. Каҳҳорова 43, Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. .

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное