Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Навъи нави картошкаи “АИ-1”. Навъ дар натиҷаи дурагакунии намунаҳои селексионии картошка гибриди F1 (SEDAFINxYY.3), ки аз Маркази умумиҷаҳонии картошка (СИП, Перу) ва бо роҳи тез зиёд намудан бо истифодаи усулои биотехнологғ дар шароити озмоишгоҳ ва дар ќисмати баландкӯҳи дар баландии 2700 метр аз сатҳи баҳр ба даст оварда шуд. Навъ миёнќад мебошад, дарозии пояи ин навъ ба 60 -70 см расида, сербарг аст, баргҳои калон дорад, ранги баргаш сабзи баланд мебошад. Давраи гулафшониаш он ќадар давомнок набуда, ранги гулаш бунафш аст. Ғӯрабандиаш кам ва ғӯраҳои ҳаҷман хурд дорад. Лӯндаҳояш сурхи баланд, шакли кулӯла дошта, хуштаъманд. Чашмакҳои лӯндаҳо на он ќадар чуќур буда, рангашон бунафш аст. Навъ тезпаз буда, давомнокии давраи нумӯаш 80-90- рӯзро ташкил медиҳад. Дар як ниҳол 9-12 лӯнда ҳосил мешавад ва вазни миёнаи онҳо 50-80 г аст. Ҳосилнокии навъ 30–35 тонна мерасад ва навъи стандартии Кардиналро то 15-20% мегузарад. Ба касалиҳои вирусӣ, бактериявӣ ва занбурӯғӣ тобоварии саҳроӣ зоҳир менамояд. Афзалият, натиҷаҳои самаранокӣ: Ҳосилнокии навъи картошкаи АИ-1 ба 25-40% баланд (ба 350-450 с/га) бо муќоиса бо навъи минтаќабобшудаи картошкаи навъи “Кардинал”.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное